​Изҳороти омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Абдуллоҷонова М.Ҳ

Боиси нигарони аст ки имрӯз дар ҷомеаи мо масъалаҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифродгарои дар мобайни ҷавононе ки бехабар аз миллати бузургу фарҳанги қадимаи худ бехабар ҳастанд пайрави мекунанд ва бо ин рафтори худ онҳо дарк наменамоянд,ки аввало халқи худ миллати худ ва наздикони худро дар хатар ва байни одамон обрӯву мавқеи онҳоро паст менамояд.

Имрӯзҳо бо воситаи расонаҳои хабари ва ВАО дида мешавад,ки аксарияти онҳо аз кирдори разилонаи худ пушаймон гардида мехоҳанд боз дар домони Ватанӣ худ паноҳ ҷуянд.

Яке аз чунин афродҳо ин Ш.Гадоев буда, фирефтаи молу сарват шуда халқу миллати худро Ватани муқаддаси худро дар зери хавфу хатар гузошта ба “хоҷа”ҳои хориҷи “хизмат” карданро пеша гирифта буд.Субҳи 15 феврали 2019 ӯро аз шаҳри Москва и ФР аз фурудгоҳи Домодедово бо воситаи ҳавопаймои ватании Сомон Эйр ба шаҳри Душанбе оварда шуд. Ш.Гадоев имрӯз аз кардаи худ пушаймону хоҳиши баргаштан ба Ватан ва авфи гуноҳҳояшро интизор аст.

Ш.Гадоев пеш аз он ки ба чунин рафторҳои разилонадаст задану ба “хоҷа”ҳову “мистер”ҳои хориҷа “хизмат” кунад мебоист, ки аввал Миллат Халқ ва Ватану наздикони худро андешида бошад! Чи хеле ки дар урфият мегӯянд “Худ кардаро даво нест”!

Ман аз ҷавонони имрӯза хоҳиш дорам,ки имрӯз набояд кӯр курона ба чунин рафторҳои ғайри инсони даст зананд, ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил нашаванд. Худ ва наздикони худро ба хавфу хатар дучор насозанд. Фарзанди арзандаи халқу миллати худ бошанд!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ