Террорист мазҳаб надорад!
Тероризм ва экстермизм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин мафҳум ба ҳам пайваста аст. Экстремизми тундрав аз андоза гузашта ба терроризм меорад. Истилоҳи терроризм аз калимаи лотинӣ “террор” сарчашма гирифта, маънояш тарсу ваҳм аст. Террористон мехоҳанд мақсаду маромҳои нопоки худро бо роҳи зуроварӣ ваҳм ва ноумеди афканда аст. Дар замони мо шахсон ва ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша ва тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксарияи муҳаққиқон сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гушаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Терроризм ва ифратгароӣ беш аз хар вакта авч гирифта бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоии узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавӣ, муносибатҳои иқтисодиву иҷтимои рушду соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои ҳурофотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактаб равияҳои гуногуни диншиносии Ғарбу Шарқ равшангарӣ ин гуфтаҳост. Мутаассифона дар тӯли чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое, ба вуқуъ омаданд, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони олам гардидаанд. Чунин низоъро имрӯз мо метавонем дар Сурия мушоҳида кунем, ки ба ҷомеаи ҷаҳони таъсири манфӣ дорад. Гурӯҳҳои террористӣ бо амалҳои номатлуби худ ҷомеаи ҷаҳониро ноором месозанд. Ваъзияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад ки фаъолияти самараноки тамоми сохторхои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва ҳаёти бо осоиштаро муҳайё намоем. Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки бо мақсади таъмини амнияти давлат ба ҷомеаи маблағгузориро барои таъминоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низоми бо техникаву технологияҳои замонавӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир бунёди иншооти сарҳади мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ муҳайё кардани тамоми шароити зарурии зиндагӣ ва хизмат барои сохтору мақомоту зикр шуда, сол ба сол зиёд намояд. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдориии суботу сиёсии ҷомеа мо ҳам бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақамоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобали ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар амали он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёраи Замин аст. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуби бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табакаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад. Ин маънои онро дорад, ки дар замони муосир будани пешрафти илму техника рушду инкишофи бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ ва омӯзиши пажуҳишоти зарарҳои дохилии атомию метагалактикаҳои олами нопайдоканори коинот масъалаи терроризм ва ифротгарӣ ҳануз хатарафзову ташвишовар ва даҳшатнок боқӣ мемонад .
Омӯзгори кафедраи ҷамъиятшиносӣ Ҳасанова М