​Туҳматҳои беасоси Мирзои Салимпур

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаҳои давлатӣ демократӣ ва ҳуқуқбунёд мавҷуд буда, принсипу нишонаҳои он дар санадҳои меъёрӣ кафолат дода шудааст.

Яке аз принсипҳои асосии давлати демократӣ ва дунявӣ ин озодии воситаҳои ахбори омма, озодии сухан мебошад. Озодии сухан дар он зоҳир мегардад, ки шахс бе ягон таҳдид озодонафикру ақидаи худро баён сохта, ҳуқуқу озодиҳои худ ва дигаронро ҳифз намояд.

Дар моддаи 30-и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад”. Таҳтимафҳуми озодии суханҳаракати ихтиёрии шахс барои баён намудани андеша, назар ва афкор фаҳмида мешавад, ки дардоираи қонун ва эҳтироми арзишҳои ҳуқуқӣ ифода меёбад. Яъне озодии суханмаънои дар доираи талаботи қонун андешаи худро нисбат ба масъалаҳои мухталиф баён намудан аст. Озодии сухандар санадҳои ҳуқукии меъёрии байналмилалии Эъломияи ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоибайналмилалӣ эътироф ва ҳифз шудааст.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо ВАО-и давлатӣ ва хусусӣ озодона фаъолият менамояд.

Вале бо баробари ин ҳастанд ВАО, ки бар зидди сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон баромада, онҳоро ба тамоми гуноҳҳои содир накардаи онҳо гунаҳкор медонанд.

Бобаробари ин дар Конститусия сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқидро манъ намудааст. Дар қонунҳои ҷумҳурӣ муқарар шудааст, китанқид бояд асоснок ва бо далелҳо исбот карда шавад. Агар танқид асос надошта бошад, чун туҳмат эътироф гардида,шахси танқидкунандаро мумкин аст ҷониби шахси туҳматкардашуда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Дар изҳороти расмии сардабири “Ахбор” Мирзои Салимпур таҳти “Ба номардиҳои мардон ман чӣ гӯям?” пешазтаҳкири мақомоти давлатӣва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мешавад. Мақомоти КДАМ ба он гунаҳкор месозад, ки гӯё онҳо барои ташкил намудани раддияҳо сарварӣ менамояд. Агар чунин маълумоту далелҳо дошта бошанд, онҳо метавонанд ба мақомоти давлатӣ расман муроҷиат намоянд. Дар изҳороти Салимпур маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар соҳаи озодии сухан дида мешавад. Зеро ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи озодона баён намудани фикру ақидаҳои худро доранд. Аз ин рў, ҳар як шаҳрванди кишвар оид ба масъалаҳо фикру ақидаҳои худро баён намуда истодаанд, ин супориши мақомоти давлатӣ ё дигар шахси мансабдор нест.

Мувофиқи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад. Дар раддия инсонро ба “фермаи ҷавоб” сагу хар баробар намуданоё дуруст аст?Оёмеъёрҳои этикаи журналистӣдар он риоя шудааст? Ҷавоби ин саволҳо ҳамин аст, ки муаллифи изҳороти Мирзои Салимпур боғаразона ва яктарафа масъалҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Бобоев А., сармуаллими кафедраи ҳуқуқшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ