​Анъанаи дӯстиву ҳамсоягиро пос дорем!

Мардуми Осиёи Миёна аз даврони қадим ҳамчун шохаҳои як дарахт дар ҳамсоягӣ зиндагии иттифоқ доштанд ва доранд. Ин робита чи дар иқтисодиёту сиёсат, чи дар илму фарҳангу иҷтимоиёт баръало ба назар мерасад ва меваҳои дарахти дӯстии эшон барои ҳар миллату халқият манфиатбахш аст. Аз ҷумла, дӯстиву анъанаҳои ҳамсоягии халқҳои тоҷику қирғиз низ побарҷо буда, имрӯз ҳолатҳову ҳаракатҳое аз ҷониби қувваҳои номаълум ба назар мерасад, ки мехоҳанд ба ҳар шакл ба рафоқати ин ду миллат рахна андозанд ва халале ба осоиштагии онҳо бирасонанд. Мусаллам аст, ки Сарварони ҳар ду кишвар бо мақсади устувор намудани осудагиву сулҳи мардуми ҳар ду кишвар корҳои муҳимеро ба анҷом расонида, кӯшиш доранд, ки тарафайн дар амну осоиш қарор бигиранд ва нифоқе байни онҳо вуҷуд надошта бошад.Аммо, мутаассифона, воқеаҳое, ки рӯзҳои охир - моҳи декабри соли 2019 дар маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ ба вуқуъомада боиси нигаронӣ ва ноосудагии мардум ва Ҳукумат гардид. Мардуми тоҷик ва қирғиз ҳарчанд ба забон гуногун, аммо аз ҷиҳати эътиқоду дин ба як миллат тааллуқ доранд. Марзи ҳар ду давлат бо хатти муайян ҷудо карда шудааст. Пас чаро чунин воқеаҳои ташвишовар рух медиҳанд? Бояд бо ақлу фаросат ва дурбинона андеша ва амал кард ва набояд боиси нороҳатии мардуми оддӣ гардид. Оқибати ин гуна ҳодисаҳо ва муносибатҳоро бародарони қирғиз низ ба хубӣ дарк намоянд ва барои пешгирии чунин ҳолатҳои ногувор саҳмгузор бошанд. Пешвои миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми салоҳият аз оғози фаъолияти худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сулҳу субот дар Ватан ва осудагиву хотирҷамъии мардум дар кишвар таъмин бошад ва хеле корҳои шоиста ҳам дар ин ҷода амалӣ гардидааст. Ҳар нафаре ки рахнае бар дӯстии халқҳо ва осудагии мардум меандозад, ҳаргиз ба мақсади бади худ намерасад.Душмании ашхоси бадният бар манфиати онҳо нахоҳад буд, зеро ниҳоли душманиро бояд барканд, ки боиси ранҷи ҷонибҳо набошад...

Аҳли устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ