​ Гаравидани ҷавонон ба тамоюлҳои номатлуб

Яке аз омилҳои аслие, ки имрӯз ҷавононро ба доми ифроту ҷаҳолат кашида истодааст ин ҷанги иттилоотӣ пахши ғояҳои ифротгаро ва моҷароҷӯ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Мо бояд дар байни ҷавонон корҳои тарғиботиро оиди таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоиштаи одамон, дӯст доштани Ватан, инсондӯстӣ, расидан ба қадру қиммати истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва бовар накардан ба ҳар гуна фиребу дасисаҳои душманони миллат тақвият бахшем ва бо далелу мисолҳои равшану возеҳ ба онҳо ин ҳатарҳо ва оқибатҳои онро фаҳмонем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон баъзе дар хориҷи кишвар ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ рафтору кирдор, намуди зоҳирӣ ва ақидаҳои динии худро тағйир медиҳанд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи кишвар ҳадафҳои террористону экстемистонро хуб дарк намуда, роҳу усулҳои муосири пешгирии онро дарёфт намудаанд. Аз ин лиҳоз, ифротгароён дар хориҷи кишвар фарзандони моро, ки дур аз Ватан, оила ва волидайн ҳастанд бо осонӣ ба доми худ кашида истодаанд. Дар ин самт бояд падару модар ва хешу пайвандон хуб андеша намуда, аз таҳсил, ҳолу аҳвол ва рафтору гуфтори фарзандонашон дар муҳоҷират низ бохабар бошанд, нагузоранд, ки онҳо ба доми шахсони фиребгару душманони миллати мо афтанд.

Имрӯз корҳои тарғиботию ташвиқотии ҳадафнок бо баромадҳои таҳлилӣ барои ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа зарур аст. Дар вақти корҳои тарғиботӣ синну сол, маълумот, касбу ҳунар бояд ҳатман ба ҳисоб гирифта шавад. Ба хонандагони синфҳои поёнии мактаб рӯирост дар бораи терроризму экстремизм ва кирдору рафтори бераҳмонаи онҳо, намоиши филмҳо аз ҷиноятҳои нангину сангини содирнамудаи онҳо ба мақсад мувофиқ нест. Аз ҷиҳати синну сол ноболиғон ин амалҳоро нодуруст қабул карданашон мумкин аст ва ин гуна намоишҳо ба руҳияи онҳо таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз хурдӣ ба сангдилӣ, бераҳмӣ одат мекунанад.

Гузаронидани корҳои тарғиботӣ бо қишрҳои осебпазири аҳолӣ махсусан оилаҳое, ки фарзандашон дар муҳорибаҳои ҷангии ДИИШ иштирок мекунанд, ба ҷурми узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маҳкум карда шудаанд ё гумонбар дониста мешаванд ва дигар шахсони онҳоро иҳотакунанда барои аъзогӣ мувофиқи мақсад аст.

Тамоми кормандони мақомоти давлатӣ, ки ҳамарӯза бо мардум сарукор доранд, бояд ба шаҳрвандон бо эҳтироми хоса, беғаразона, боадолатона, масъулияти том ва воқеъбинона муносибат намуда, барои ҳалли дуруст ва қонунии муаммоҳои пайдошуда чораҷӯӣ намоянд. Чунки норозигии шаҳрванд аз мақомоти давлатӣ шояд шахсро ба ифроту ҷаҳолат барад. Аз кирдори нодуруст ва аз чорчӯбаи қонун ва ахлоқ баромадани як корманди мақомоти давлатӣ шаҳрванд на ба худи ӯ балки ба давлат, қонун, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нафрату хусумат пайдо карданаш мумкин аст.

Нафароне, ки барои узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремисӣ маҳкумшудаанд, маънаван заифу осебпазир мебошанд ва дар ҳолати аз озодӣ маҳрум шуданашон низ пушаймон ва ислоҳ шуданашон душвор аст. Дар ҳолати якҷоя бо дигар маҳкумшудагон нигоҳ доштани онҳо эҳтимолияти вайрон намудани мафкураи онҳо низ ҷой дорад. Бояд ин қабил шахсон комилан аз маҳкумшудагони дигар ҷудо нигоҳ дошта шуда, бо онҳо корҳои махсуси фаҳмондадиҳию тарғиботӣ бо ҷалби мутахассисони варзида, сиёсатшиносон, уламои дин ва равоншиносон ба роҳ монда шаванд.

Ҷалби васеи ҷавонони боистеъдод ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, махфилу кружокҳо, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ натиҷаҳои мусбиро ба бор хоҳад овард. Чунки муносибат ва муоширати ҳамсол ба ҳамсол усули хуби корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад. Бо ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна махфилу чорабиниҳо онҳоро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ эмин нигоҳ дошта, диду назари онҳоро ба тарзи ҳаёту зиндагии солим гарм месозад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, яке аз воситаҳои қонунии мубориза бар зидди шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мебошад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳад, баъзе падару модарон ва шахсони ивазкунандаи онҳо то ҳол моҳият ва зарурияти меъёрҳои ин қонунро дарк накардаанд ва нисбати тарбияи варзанди худ, ки неъмати азизтарин барои волидайн ба шумор меравад, бетарафӣ, бепарвоӣ ва беэътиборию беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар санаи 12-уми майи соли 2018 зикр намуданд, ки дар соли 2017 ва семоҳаи аввали соли 2018 барои риоя накардани талаботи қонуни зикргардида 23 ҳазор волидайн ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 175 парванда нисбати волидайне, ки фарзандонашонро ба мактаб нагузоштаанд оғоз карда шудааст. Инчунин беэътиноии волидайн дар он зоҳир мегардад, ки дар ин мӯҳлат мақомоти милитсия қариб 3000 нафар ноболиғонро дар марказҳои дилхушӣ дастгир намуда, нисбаташон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои ҳуқуқӣ андешидаанд.

Ин ҳолатҳо боиси ба содир намудани ҷиноят даст задани ноболиғон, коста гардидани одобу ахлоқ, осебпазир гардидани онҳо ва афзудани хатари шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мегардад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди манфиати абар­қудратҳо, сиёсати духӯраи баъзе давлатҳо нисбат ба маф­ҳуми терроризму экстремизм ҳар як шаҳрванди бедордилу соҳибхиради моро вазифадор менамояд, ки бояд зиракии сиёсиро аздаст надиҳем ва қарзи шаҳрвандии худро дар назди наслҳои имрӯзу фардо аз ёд набарорем ва барои солим нигоҳ доштани мафкураи мардум аз ҷумла насли ҷавону ояндасоз кӯшиш ба харҷ диҳем.

Суханронӣ, асарҳои пурмӯҳтаво ва дастуру супориш­ҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як сокини кишвар бояд сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои пешравии кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд. Мо бояд ба қадри истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва оромии кишвар бирасем, нагузорем то ба сари миллати тоҷик, ки дар тули таърих барои соҳиб шудан ба истиқлолият азият кашида ҷоннисориҳо намудаанд, хатар ва дигар азияте бирасад.

ЛАТИФИ АЗИЗ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ