Суруди миллӣ – рукни муқаддаси давлатдорӣ
Агар ватану ватандорӣ аз гаҳвора оғоз гардад, пас ватанпарастиву ватандўстдорӣ аз ҳувияти миллӣ сарчашма мегирад, ки асоси онро нишони Ватан ташкил медиҳад. Нишони Ватан, ки дар ҳар куҷову дар ҳар ҷо аз Ватан дарак хоҳад дод. Беҳуда нест, ки гузаштагони мо ҳангоми сафар бо худ ҳатман як каф хоки Ватанро мегирифтанд, то аз Ватани худ нишоне дошта бошанд ва бо ҳамин хумори дидори Ватанро шикананд. Асрҳо паси сар шуданд, солҳо гузаштанд, замон дигар гардид, одамон дигар шуданд. Илму техника тараққӣ кард, шароитҳову имконоти нав ба нав падид гардид. Давлату давлатдорӣ соҳиби рамзи худ гардид. Соҳиби рамзе, ки аз соҳибихтиёрии он дарак медиҳад, соҳиби рамзест, ки ҳувияти миллиро ба вуҷуд меорад. Рамзе, ки аз ҷой доштани Тоҷикистони кўчак шаҳодат медиҳаду миллати тоҷикро ба сўи худ боз мехонад, онро дар гирду атрофии худ ҷамъ месозад, миллати тоҷикро аз парокандашавӣ нигоҳ медорад. Танинандоз гардидани суруди миллӣ ба дили кас илҳом мебахшад, шахсро ба сўйи фатҳи қуллаҳои нав ба нав ҳидоят менамояд, корнамоиҳои бемислу монандро тараннум мекунад. Булбули бечаманро сўйи манзил – Ватан даъват менамояд. Дар ботини шахс эҳсоси ғурур, ғурур аз ватану ватандориро тавлид месозад. Ба шахс аз зафариятҳои дар пеш истода дарак медиҳад, дили шахсро ба фатҳи қуллаҳои нав дилгарм месозад, одамонро баҳри ободии Ватан ҳидоят менамояд.
Садо додани суруди миллӣ дар мавриди ба фаъолияти худ оғоз намудани иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи худро аз суруди миллӣ оғоз намудани телевизиону радиои ҷумҳурӣ, сароида шудани суруди миллӣ ҳангоми сафари расмии сарвари давлат ба давлатҳои дигар, сароида шудани суруди миллӣ ҳангоми барафрохтани парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо шарофати варзишгарони бонангу номуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахс рўҳу илҳоми тоза мебахшад, оғози рўзи навро бо ҳидояти Ватан шурўъ менамоянд, аз Ватани худ муаррифӣ мекунанд.
Кафедраи умумидонишгоҳии информатика Норбобоев М