​ТЭТ ҲНИ ва дин ислом

Дар охири асри XX ба майдони сиёсати умумисайёравӣ қувваи наве бо номи Исломи сиёсӣ худро муаррифӣ намуд. Манбаҳои он, заминаи ғоявӣ, равандҳо ва ташкилотҳои асосии он аз тарафи мутахассисон мукаммал баррасӣ шуда дар манбаҳои гуногуни ахборотӣ интишор гардидаанд.

Ислом, амалан дар ҳамаи мамлакатҳое, ки мӯътақидони он зиндагонӣ мекунанд, на танҳо дин аст, балки инчунин тарзи ҳаёти аксарияти мусулмонон ва асоси муайян кардани тамаддуни онҳо маҳсуб мегардад. Дар тӯли асрҳо Ислом чун унсури ҷудонашавандаи шуури ҷамъиятии мардуми мусулмон ташаккул ёфт, ки аз бисёр ҷиҳат анъанаҳои таърихии онҳоро муайян кардааст. Ислом ба соҳаи иҷтимоӣ-мадании ҷамъият, муносибати байни одамон, рафтор дар муносибатҳои никоҳӣ-оилавӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Мутаассифона, ба туфайли ташаббусу кӯшишҳои баъзе созмонҳои ифротии динӣ, ки ба қатори онҳо ТЭТ ҲНИ дохил мешавад, Ислом дахолат карданро ба ҳаёти сиёсӣ низ вазифаи худ меҳисобад. Далели ин нуктаҳо мавҷудияти ҳаракати исломӣ (исломизм) ё исломи сиёсӣ аст. Боядтазаккур дод, ки омехта кардан ва якхела фаҳмидани мафҳумҳои “исломизм” (исломи сиёсӣ) ва “фундаментализми исломӣ” нодуруст аст. Фундаментализми исломӣ ҳодисаи динӣ аст, ки маънои риояи қатъии қоида ва меъёрҳоеро дар ҳаёти ҳаррӯза ва амалияи ҷамъиятӣ дорад, ки онҳо дар Қуръон ва Сунна оварда шудаанд. Исломизм, ё исломи сиёсӣ, бештар ҳодисаисиёсӣ аст. Вай кӯшиши қисми муайяни ҷомеаи мусулмононро инъикос менамояд, ки равона гардидааст барои нигоҳдории анъанаҳои таърихӣ, дин, фарҳанг дар шароити ҷаҳонишавӣ. Дар як вақт боиси баҳс нест, киин ду ҳодиса бо ҳам дар робита қарор доранд.

Таърихи исломи сиёсӣ дар шакли муосири он аз соли 1928, яъне аз замони таъсис дода шудани иттиҳодияи “Бародарони мусулмон” дар Миср, ки дар давраи ҳозира низ қувваи фаъоли сиёсӣ боқӣ мемонад, оғоз меёбад. Идеологҳои исломизм тарғибгари ашаддии чунин нуктаҳо ҳастанд, ки “арзишҳои исломӣ” ҳамчун шарти зарурииинкишофи оянда дар ҳолати мутлақо бетағйири ибтидоиашон бояд нигоҳ дошта шаванд. Мақсади стратегии онҳо барпо кардан ва мустаҳкам намудани “давлати исломӣ” аст, ки он ба қонунҳои “абадӣ ва адолатнокӣ” Қуръон асос ёфта бошад, ва дар он давлат “адолати иҷтимоии исломӣ”, ки ба қонунҳои шариат такя мекунад, ҷорӣ карда шуда бошад.

Бидуни шубҳа исломи сиёсӣ ва тамоми дигар тамоилҳои ифротгароии исломӣ, ки фаълияти ТЭТ ҲНИ мисоли он аст, амалҳои худро бо муроҷиат ба манбаъҳои назариявии муайян “далелнок” кардан мехоҳанд. Онҳо зарурияти муборизаро барои бозгашт ба “исломи ибтидоӣ ва ҳақиқӣ” ва барпо кардани “давлати исломӣ” бо овардани иқтибосҳо аз асарҳо ва фатвоҳои идеологҳои исломӣ асоснок карданӣ мешаванд. Идеологҳои исломӣ ғояеро дар бораи имконпазир будани “эълони ҷиҳод ба ҳокими беадолат, ки давлатро бидуни риояи талаботҳои шариат ба амал мебарорад” тарғиб мекунанд, ки ин нукта асоси ғоявии ҳар гуна амалҳои ифротӣ ва террористӣ ва ғайриинсонии мӯътақидони исломизм ё исломи сиёсӣ мегардад.Амалҳои ТЭТ ҲНИ ва исломи сиёсӣ бидуни шубҳа бояд ҳамчун амалҳои ифротӣ вазиддибашарӣ муаррифӣ гарданд ва боиси маҳкуми ҳамагон бошанд. Ин амалҳо башариятро аз пешравӣ ва рушди устувор, аз амалҳои созандаю ояндасоз, ки арзандаи инсон бошад, нигоҳ медорад. Ин амалҳо танҳо ба сӯи ҷаҳолат ва пасравии ҷомеа мебаранду бас.

Р.Мирсаидов, дотсенти кафедраи фалсафаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ