Оинаи нақшнамои эътибори Тоҷикистон
Дар байни зиёда аз 200 мамлакатҳои олам чун ҷомеаи инсонӣ хурду бузургоне ҳастанд, ки бо андозаи масоҳат, теъдоди аҳолӣ, тавоноии иқтисодиёт аз якдигар фарқияти доранд. Вобаста ба тарзу тариқати бурдани давлатдорӣ роҳбарияти кишварҳо низ байни ҷаҳониён қадру манзалати гуногун доранд. На ҳар давлату роҳбари онро насиб мегардад, ки ба созмоне ё ниҳоде, ки байни кишварҳо амал менамояд, роҳбарӣ намоянд. Дар ин радиф Тоҷикистони соҳибистиқлолро шарафи бузурге насиб гаштааст, ки дар чандин созмону ташкилотҳои олимақоми байнидавлатӣ сарвару ҳидоятгар бошад. Шукронаи Офаридгор менамоем, ки кишвари моро Аллоҳ зебову биҳиштосо офаридаву роҳбарони одили оқилро интихоб донистааст.
Баргузории Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки бо иштироки сарварону намояндагони олимакони зиёда аз 27 давлатҳои ҷаҳон дар шаҳри Душанбе пойтахти азизамон амалӣ гардид мояи ифтихори мост. Зеро, Тоҷикистони камзамину соҳибтамаддунро мебояд давоми солҳои 2018 – 2020 Раёсати ин созмонро идора намояд ва самтҳои мухталифи дурнамои онро баҳри рушд муайян созад. Ташрифи сарони давлатҳои абарқудрати Чин, Федератсияи Россия, Ҳиндустон ва ғайра аз як ҷиҳат нишонаи нуфузи ин созмон бошад, аз ҷониби дигар гувоҳии обрӯву эътибори Пешвои муаззами миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни ҷаҳониён мебошад.
Ҳамаимеҳмонон аз истиқболи самимӣ, меҳмоннавозии тоқикона, ободкориву созандагии кишвари азизи соҳибистиқлоламон ба ваҷд омада арзи сипоси бепоён намуданд, ки барои мизбон мукофоти олитаре нест. Хусусан, оғӯшҳои дӯстонаи Президентҳои Россияю Чин ва мулоқотҳои самимонаи онҳо бо сарвари оқили Тоҷикистон ба оламиён фаҳмонид, ки кишвари мо худ на он қадар тавонону бузург бошад, ҳам дӯстону бародарони абарқудрат дорад, ки Тоҷикистонро сарварашро иззати эҳтироми беандоза доро аст.
Сесозад, ки ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ бо дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ шукрона намояд, фахр намояд, ки Ватанашро ҷаҳониён чун ободкору созанда мешиносанд ва нерӯи ғайрати худро барои боз ҳам гулгулшукуфоии диёр равона намояд.
Собиров М.С. – мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”