​Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои аврупо сафар карданд

Дар бораи дар ин ҳафат ба чанд кишвари Аврупо сафар доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаъҳои гуногун хабар паҳн кардаанд.

Тибқи хабари АМИТ “Ховар” дар воқеъ дирӯз санаи 04.11.2019с. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия сафар карданд.

Дар ин сафар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Сомонаи «Ахбор» менависад, ки 7 ноябр Шӯрои тиҷоратии Фаронсаву Тоҷикистон дар як зиёфати хурд бо президенти Тоҷикистон мулоқот мекунад.

«Азия Плюс» бо такя ба манбааш дар ҳукумат хабар дод, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон аз 4 то 12 ноябр давом мекунад ва дар баробари Швейтсария ва Фаронса ҳамчунин Чехияро дар бар мегирад.

ВАО хабар медиҳанд, ки ин нахустин сафари Президенти кишвар ба Аврупо дар се сол охир аст. Охирин бор Пешвои миллат дар поёни соли 2017 аз Чехия ва Олмон дидан карда буданд.

Таваҷҷуҳи неруҳои мухолифини дар Аврупо макон гирифта ба ин сафари Пешвои миллат зиёд шуда, аллакай шуру ғавғо доранд, ва мехоҳанд ин сафарро ба манфиатҳои ғаразманди сиёсии худ истифода намоянд. Сафари гузашта дар Прага онҳо эътирози пешакии ба нақшагирифта ташкил карда, мардумро ба шӯр андохтанӣ буданд.

Ба хабари расонаҳои иттилоотӣ ин дафъа низ намояндагони бо ном мухолифин дар Аврупо арз намудаанд дар шаҳрҳое, ки мулоқот мешавад, раҳпаймоиҳои эътирозӣ ташкил хоҳанд намоянд. Кирдору рафтори онҳо чизеро тағйир намедиҳад, мулоқот вайрон намекунад, танҳо ин нишонаи беэҳтиромӣ, бефарҳангии сиёсии онҳо аст.

Мардуми Тоҷикистон умед доранд, ки аз ин сафари Пешвои миллат муносибатҳои иқтисодии байни кишвари мо ва кишварҳои Аврупо боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ