Изҳороти М.Н.Раҳматуллоева- саромўзгори кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ
Хадамоти зиддиҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №31 аз 04.03.2019 бо арзиши тамоми хизматрасониҳои ширкат тағйирот ворид намуд ва тарофаҳо барои интернет ва зангҳои байналмиллалӣ низ тағйир ёфтанд.
Ин тағйиротҳоро як қатор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он аз ҷумла дар хориҷи кишвар фаъолияти корӣ мебурдагон бо таврҳои гуногун дарк намуданд ва дар айни замон фикру ақидаҳои худро ба ташкилотҳои дахлдори ин соҳа гуфта истодаанд ва дархостҳои худро дар бораи баланд нанамудани арзиши хизматрасониҳои алоқаҳои мобилӣ баён намуда истода,арзиши пештараи онро дархост намуда истодаанд. Як қатор дигар шаҳрвандон ба қимматшавии арзиши хизматрасониҳо бетарафанд, як зумра аҳолии кишвар бошад,ба қимматшавии ин арзиши хизматрасонӣ тарафдоранд, зеро онҳо ба чорчӯба даромадани интернетбозиву вайбербозии фарзандону наздиконашонро мехоҳанд.
Аз ин нобаробаробарии фикру андешаҳои мардуми тоҷик оид ба қимматшавии арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ аъзоён ва пайравониТЭТ ва ҲНИкурта-курта гӯшт гирифта истода фитнаву найрангҳои ошӯбомезро дар мобайни халқи осоиштаи кишвар ҷорӣ намуда истодаанд.
Дили наҳзатиҳои террорист ҳоло дар айни сахт задан мебошад. Онҳо сару калобаи худро гум кардаанд, ки зидди оромии кишварамон Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбаладии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чӣ тавр халал расонанду фитнаҳои меангехтаашон дар байни мардум ҷомаи амал пӯшад. Онҳои малъун танҳо тамошобини фисқу фасоди дар ҷамъияти ором ҷорӣ намудаашон гардидан ва нооромии кишварро ташкил намудан мебошаду халос.
Думравони ТЭТ ва ҲНИ ҳоло аз паи ҷамъ кардани маълумотҳои дурӯғ дар бораификру ақидаи халқ дар бораи арзиши баланди хизматрасонии алоқаҳои мобилӣ мебошад.Акнун лагандбардорони аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар шодианд,ки баъзе шахсонба арзиши баланди хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ бетараф мебошанд. Онҳо шодикаф шуда истодаанд ва намедонанд, ки вайронкории худро дар ҷамъияти оромамон чӣ тавр оғоз намоянд, вале аз вайронкориҳои худ ягон дастгирие аз тарафи халқи мутамаддини тоҷик нахоҳанд дид.
Онҳо яъне аъзоён ва думравону дастгирикунандагони ТЭТ ва ҲНИ дарк накарда истодаанд, ки онҳо худ хандахариши мардуманду фитнаву бӯҳтонҳои онҳоро зидди Тоҷикистон ягон шаҳрванд дастгирӣ нахоҳад кард.
Онҳои гӯиё дилсӯзи халқи тоҷик набояд ғами мардумро бо воситаи тӯҳмату бӯҳтонсароиҳо хӯранд,балки худкомпанияе бо арзиши хизматрасониҳои алоқаҳои мобилӣ хеле паст ташкил намоянд ва халқашонро бепул бо хизматрасониҳои алоқаҳои мобилӣ таъмин кунанд.
Аъзоёни ТТЭ ва ҲНИ,ки ба Ҳукумати кишварамон – Тоҷикистондушмананд ва камбудии сохторҳои давлатиро ҳамеша меҷӯянд, ҳоло набояд саросемаи пошидани тухми адоват дар байни мардум зиддии оромии халқи кишвар шаванд. Ба ҷои он ягон чораи мусбиро ба Ҳукумати кишварамон пешниҳод кунанд, на ин ки аз дур истода назора намоянду натиҷаи бӯҳтонҳои сароидаи худро дар мобайни халқ тамошо кунанд.
Сад афсӯс ки мо тамошобини онҳоем ва медонистем, ки баъди баланд гардиданихизматрасонии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ба онҳо боз мавзӯи вайронкунии ҷамъияти ором пайдо мешаваду онҳо қарсак мезананд.
Онҳо намебояд хавотир шаванд,ки халқи тоҷик бе дастгирии онҳо дар ҳалли ин муаммо азоб мекашад. Халқи тоҷики мосир дар давлати соҳибистиқлолаш– Тоҷикистон, пешраву пешбаранда ва муаммоҳои мардуми меҳнатқаринашро ҳалкунанда дорад, ки ин Пешвои миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Бигузор аъзоён ва думравони ҲНИ ва ТЭТ бемалол, бехавотир дили мардуми тоҷикро наёфта ҳам зиндагии ботарсу ваҳмашонро давом додан гиранд. Як рӯз не як рӯз фитнаву бӯҳтонсароиҳои онҳо интиҳо меёбад ва онҳо роҳи ростро пеша мекунанд. Аммо афсӯс, ки барои наҳзатиён ва терористонроба роҳи рост ҳидоят намудан, қудрати ягон сиёсатмадори тарафдори тинҷиву амонии сайёра нарасида истодааст. Онҳо аз нав ба мисли растании зарпечак аз паи хатокобиву фитнаҷӯӣ ба гардани шахсони соддаву зудбовар печида рушд ёфта истодаанд. Ҳамеша аз паи кофтани норасогии кишварҳои ором мебошанд. Ман умедворам, ки онҳо ба наздикӣ хушк хоҳанд шуд, зеро халқи кишварамон онҳоро дастгирӣ накарда истодааст ва дасгирӣ нахоҳад кард.