Дин ва арзишҳои миллӣ

Ба шароити нооромии олам, ки дар он аксаран хонаи мардуми мусалмон месӯзад, назар намуда аз ҳоли ҳузнангези мардуми хонабардӯши Шарқ , дили кас реш мегардад. Мусалмонон дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон даст ба куштори якдигар зада, гӯё фаромӯш кардаанд, ки ҳамаи онҳоро Худои якка офарида, Паёмбари барҳақ ҳидоят карда ва Китоби ягонаи Қуръон роҳнамоӣ карда аст. Ба назари мо онҳо ин ҳақиқатҳоро фаромӯш накардаанд, аммо фаромӯш кардаанд, ки ҳамагӣ фарзандони бобои Одаманд, фаромӯш кардаанд, ки онҳо ҳама дарду захмро баробар эҳсос мекунанду саодатро инчунин хоҳонандва онҳоро умумиятҳои бузурге мисли халқият, миллат, мазҳаб, дин ва одамият муттаҳид кардааст. Маҳз ҳамин иттиҳоду ваҳдатҳои забони миллӣ-фарҳангӣ дар ағлаби мавридҳо ба оромиву вазъи муътадили эътиқод дар масири таърих мусоидат хоҳанд кард.Гуфтаҳо аз суханони Ҳоҷи Ҳусейн Мусозода!

Дар ҳақиқат ин мушкилоте, ки имрӯз сари мардуми мусалмон омадааст, бениҳоят мушкилоти ҷиддиест, ки бояд ҳар фарди мусалмон андеша кунад. Зеро сабаб чӣ шудаст, ки имрӯз мусалмон мусалмонро мекушад, мусалмон фарзанди мусалмонро ятим месозад, мусалмон модари мусалмонро дар ғами фарзандаш месӯзонад, саволест бе ҷавоб! Аммо ҷавоби ин суолҳо вуҷуд дорад:

Аввалан, мушкилот дар он аст, ки мо аз дини худ пурра бохабар нестем, мо имрӯз мутаассифона намедонем, ки дине мо ифтихору пайравииаш мекунем,чӣ рукну аҳкоме дорад. Мушкилот инҷост:

Кӯзазарфест, ки дар он обро нигоҳ медоранд, аммо барои одами ташна кӯзаи бе об як чизи бе арзише аст,мусалмонии мо имрӯз ба монанди як кӯзаи бе обест, ки барои инсони ташна манфиате расонида наметавонад. Мушкилоти имрӯзаи мусалмонон аз он иборат аст, ки аз Қуръону Суннат тамоман дур монда танҳо ба нафароне, ки гӯё бо ришу саллаашон диндор воменамоянд пайравӣ мекунем ва шомилшавии ҷавонон низ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣаз дуруст надонистани дину мазҳаби худашон мебошад. Чуноне ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст аз мусалмонии мост.

Аз паёмбари ислом Муҳаммад мепурсанд, ки дин чист паёмбар чунин ҷавоб мегӯянд: “дин ин ахлоқи ҳамида аст”новобаста аз он ки пайравии кадом оину дин,бояд ахлоқ – ахлоқи ҳамида бошад. Чун мо бароинасли ҷавон бояд намунаи ибрат бошем, то ки онҳо дар руҳияи дуруст бавоя расанд. Зеро ҷавонон давомдиҳандаи мероси бою ғании миллати хешанд.

Мо набояд гузорем, ки ҷавонони мо дар доми фиреби диннамоёнибе дин биафтанд.

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

И.в.мудири кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ дотсент,Ҷӯраева С.Б.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ