Босмачигарӣ ва окибатҳои он.
Мавриди зикр аст, ки дар оғози солҳои навадуми асри бист ва баъдтар, дар чанд матолибе, ки ба қалами Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва чандеи дигар тааллуқ доштанд, то як андоза талош барои ҳақиқати таърихӣ, яъне чун «ҳифзи Ватан аз истилои бегона» муаррифӣ кардани ҳаракати ба истилоҳ «босмачигарӣ» сурат гирифт. Аммо ин навиштаҳо ба вокуниши сахти таърихнигорони тоҷик рӯ ба рӯ шуд. Ҳамчунин, думболаи нашри ин матолиб, дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид ва чун ҷониби муқобил бо шиорҳои исломӣ ба майдон омад, шояд ҳарф задан аз сарчашмаи пайдоиши ин ҳаракат як навъ пуштибонӣ аз онҳо арзёбӣ гардида, таърихнигоронро ба андеша водор менамуд. Ба ҳамин минвол, ин мавзӯъ дигар бардошта нашуд ва вақтҳои охир зери мавзӯоти исботи чандсадсола будани шаҳрҳои гуногуни ҳудуди Тоҷикистон, пайдо шудани мавзӯи тоза, мавзӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ба коми фаромӯшӣ супорида шуд.
Вале, имрӯз ба ҳаракати ба истилоҳ «босмачигарӣ» чӣ гуна бояд назар андохт ва чӣ гуна бояд баҳо дод? Оё таърихнигории тоҷик фурсате пайдо менамояд то ҳамон баҳоеро, ки таърихнигории рус имрӯз нисбати «гвардиячиёни сафед»-и рус додааст, нисбати ин «босмачиён» диҳанд? Мутаассифона иоид ба ин масъала фикрњо пурихтилоф њастанд. Њама аз рўи диду фањмиши худ масъалаи бочмачигариро шарњу тафсир медињанд. Бархе онро зухуроти маќбул медонанд. Ба андешаи мо њар нафаре, ки аз босмачигарї дастгирї дорад, бояд сараввал таърихи наонќадар дури кишварро омўзад.