​ИМА ҳаммаслакони ҳизби наҳзатро террористӣ эълон кард

Баъди пирӯзии инқилоби исломӣ (Корпус Стражей Исламской революции) дар Эрон дар ин кишвар ниҳоди ҳарбие арзи ҳастӣ намуд, ки онро Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ номиданд. Чанде пеш Вашингтон ин созмонро – террористӣ эълон карда президенти ИМА – Доналд Трамп онро созмони террористии байналхалқӣ эълон кард. Ин бори аввал аст, ки ИМА созмони эрониро террористӣ медонад.Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ на танҳо дар ҳудуди Эрон, балки дар кишварҳои дигар низ фаъолият мебарад ва аз ҳама бештар амалиёти он дар Шарқи Наздик ба назар мерасад.

ИМА эълон доштааст, ки СПИИ дар берун аз кишвар ба амалҳои террористӣ даст мезадаанд ва мақсади асосии он нигаҳдории режими нави ҳукмронӣ дар Эрон мебошад.Нақши дасти СПИИ дар сар задани ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон ҳам ҳаст.

Дар бунгоҳҳои ҳарбии СПИИ, ки бо таҷҳизоти навтарини ҷангӣ мусаллаҳанд, баъзе аъзои ҳизби наҳзати Тоҷикистон низ машқҳо кардаанд ва ин ҳолро дар мусоҳибааш Айёмиддин Сатторов ҳам ишора карда буд.

Дар Сарқонуни ҶИЭ доир ба ин ниҳод чунин омадааст: “Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки дар нахустин рӯзҳои пирӯзии ин инқилоб ташкил шуд, барои идомаи нақши худ дар нигаҳбонии инқилоби исломӣ ва дастовардҳои он побарҷо мемонад.Ин сипоҳ дар робита бо вазоиф ва қаламрави масъулияти нерӯҳои дигар бо таъкид бар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии бародарона миёни эшон ба василаи қонун таъин мешавад”.

Мақсади фаъолияти ин ниҳод дар замони инқилоб ҳифзи давлати нав дар Эрон буд ва чун ин давлат таъсис гашт масъалаи таъсир ба кишварҳои дигар арзи ҳастӣ намуд. Ин гуна таъсиррасонӣ ва амалиёти ҷангиро афсарони ин ниҳод ба ҷо меоварданд ва дар Фаластину Сурия ва дигар кишварҳои Шарқи Наздик ҳукумати исломии Эрон тавассути он сиёсаташро амалӣ мекард.

Барои амалӣ гаштани сиёсати давлати Эрон масъулони ин ниҳод бо намояндагони хориҷӣ низ ҳамкорӣ мекунанд. Саидюнуси Истаравшанӣ, ки эронимаоб аст, аз дастпарварон ва тарбиятгирандагони ниҳоди номбурда мебошад. Шахсони ба ӯ монанд дар сафи наҳзатиён зиёданд.

Ҳам акнун ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк кард, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ созмони террористӣ будааст. Аз ин рӯ, эълон гаштани таҳрим ба ҳамкорӣ бо ин ниҳод як роҳи иғвогариро дар олам хотима бахшида метавонад.

И.Раҳимов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ