​Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

Аз ҳама арзиши олитарин барои инсон ин Ватан, модар ва виҷдон мебошад, инро касоне дарк мекунанд, ки зиндадил ҳастанд. Вале инсонҳое низ ҳастанд, ки барои онҳо ғайр аз манфиати худ ва хоҷагони хориҷии худ дигар чизи пурарзиштаре нест. Ба қатори чунин шахсон намояндагони ҲНИ (мамнӯъшуда)-родохил намуда метавонем.

Агар ба ҳолати кунунии ҷаҳони имрӯза назар андозем худ боварии комил ҳосил мекунем, ки баъзе давлатҳо ва афроди бадхоҳ барои манфиати ҷайби худ сабабгори нооромиву ҷангу ғоратҳо гаштаанд.

Мо мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша тарафдори сулҳ, дӯстӣ, ягонагӣ ва оромии ҷаҳон ҳастем ва намегузорем, ки ҳар гуна бадхоҳон осмони мусаффои моро тира созанд.

Қаблан қайд намудем, ки Ватан муқаддас аст, агар онро ба дастархон шабоҳат диҳем пас ба атрофи ин ҷойи пок ба сагон роҳ нест! Бигзор ғулом бошанд ё хоҷа лекин аз мо дур бошанд!

Ҷавоби қотеи мо ба онҳо ин гул-гулшукуфии Ватани азизамон аст ва барои боз ҳам тараққӣ намудани ин меҳан ҷидду ҷаҳд менамоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ