​Зиракии сиёсиро аз даст набояд дод

(Гузориш ба вокуниши «Тоҷикистон бояд ба Суди Байналмилалӣ муроҷиат кунад»)

Вокуниши полковники мустаъфии ВКД ҶТ Назаров Қурбоналӣ воқеан қалби касро ба дард меоварад. Аслан, ҳар фарде, ки ақли солим дорад, ҳатто аз ақл бегона ҳам вақте мебинад, ба сари ягон махлуқи зинда фалокате омад, бетараф буда наметавонад ва ҳеҷ набошад, чашмаш пуроб мешаваду дилаш ба дард меояд, чӣ ҷои гуфтан дар бораи шахсони наздикаш! Мутаассифона, ашхосе ҳастанд, ки бадбахтии дигарон онҳоро қуввату тавон медиҳаду баръакс, муваффақияташонро дида наметавонанд. Замоне расида, ки барои мансаб, маблағ ва ё аксар вақт ваъдаҳои дурўғ бародар омода аст, бародари худро кушаду писар падарро. Он нафароне, ки ба чунин ҷинояти азим даст задаанд, аз рўи изҳороти полковники мустаъфӣ ҳамагӣ ҷавонанду ҳатто 30-сола нестанд. Пас, суоле ба миён меояд, ки чӣ чиз ин ҷавононро маҷбур кардааст, ки чунин роҳро интихоб кунанд?

Баъди пошхўрии ИҶШС ҳизби террористии ба ном исломӣ чун яке аз ҳизбҳои амалкунанда дар Тоҷикистон фаъолияти густурда дошт. Зери ниқоби дини мубини ислом, ки марому мақсадаш ваҳдату ягонагист (на куштору ҷудоиандозӣ!) мақсадҳои ғаразноки худро тарҳрезӣ намудан гирифт. Мардуми соддаи бесавод, ки аз асли ислом хабаре надоранд, ба гуфтаҳои «мусулмонони комил» пурра бовар намуда, ҳар як суханашонро қабул кардан гирифтанд. Албатта, шахсоне, ки фикрронии дурусти мантиқӣ доранду қаноатро пешаи худ гирифтаанд, фирефтаи суханони беасосу бемантиқ намегарданд, аммо онҳое, ки дар мактаб ба таври казоӣ таҳсили илм накардаанд, дар хона тарбияи дуруст нагирифтаанд, дар пайи ёфтани пулу моли безаҳматанд, ваъдаҳои «оғоён» чун афсонаҳои ширин фирефта намуда, ба коми худ кашидааст. Байни мардуми тоҷик мақоле ҳаст: «Даст дасти худро намебурад». Аммо имрўз мо бо дард мебинем, ки аз дасти фарзандони нохалафи як Ватан-Модар фарзандони фарзонаи миллат, фахри миллат Муҳаммад Осимӣ, Муҳиддин Олимпур, Минҳоҷ Ѓуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Карим Юлдошев ва дигарон ваҳшиёна кушта шудаанд. Гарчанд ин кушторҳо бо мақсаду ғарази ба қудрати интелектуалии миллат зарба задан, тарсонидани аҳли зиё, бедор кардани ҳисси нобовариву норозигӣ дар қалби мардуми тоҷик ва ба ин васила заиф нишон додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар таъмини амнияти мардум ва дар ин замина ҷудоиандозиву ангехтани зиддият, низоъ байни маҳалҳою минтақаҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон буд, мардуми сулҳдўсту бофарҳанги тоҷик имрўз метавонад, хуб қазоват намояд, ки асл чист.

Хушбахтона, имрўзҳо таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор Қонунҳо аз қабили Консепсияи миллии тарбия ва масъулияти падару модар роҳандозӣ шудааст, ки тибқи он ба ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида истодааст. Дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ маҳфилҳои зиёде амал мекунад, ки барои баланд бардоштани маърифати фарҳангии кўдакону наврасон ва ҷавонон тарҳрезӣ гардидааст. Хулоса, имрўз дар Тоҷикистони азиз тамоми имконот барои пеш бурдани ҳаёти оқилона ва барои кишвару ҷомеа нафъовар фароҳам аст ва ҷавононро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва шомили ҳар гуна ҳизбҳои шубҳаноку зараровар нагарданд.

Кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ