Пешвои миллат – ғамхори мардум
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии худ ба якчанд дастовардҳои барои ҷомеа муҳим ноил гаштааст ва гардида истодааст. Дар ҳар як баромад ва суханрониҳои худ Пешвои миллат аз ғамхорӣ нисбати халқи тоҷик изҳори ақида менамоянд. Маҳз ҳамин сиёсати адолатпарварона ва сулҳоронаи Пешвои миллат аст, ки имрӯзҳо дар кишвари мо тинҷиву оромӣ ва сулҳ пойдор аст.
Маълум аст, ки Ҳукумати кишвар дар фаъолияти худ чор стратегияи муҳимро пешаи кори худ кардааст ва барои ба даст овардани ин стратегияҳо якчанд корҳои назаррас ва ба фоидаи халқ равонкардашуда роҳи ҳалли худро ёфта истодаанд.
Яке аз чунин дастовардҳо ин муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳаёт ва фаъолияти Тоҷикистониён ба тамоми ҷаҳониён ба воситаи маҳвора муаррифӣ карда мешавад, ки барои ин шабакаи интернет хеле зарур аст. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурӣ роҳҳои гуногуни имконияти пайваст ва таъмин намудани корхонаю идораҳо ва муассисаҳои таълимию фарҳангиро бо шабакаи интернет фароҳам овардааст.Ғайр аз ин, бо дастгирии махсуси Пешвои миллат дар донишгоҳҳои олии кишвар истифодаи интернет фароҳам оварда шудааст, ки ин барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ёрии беҳамто мерасонад.
Ҳафтаҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ маводе паҳн шудааст, ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон бо сӯиистифода аз мансабу вазифаи худ нархи интернетро гарон кардааст ва барои ин Сарвари Ҳукумати кишвар бетараф аст. Ин фикр пурра хатост! Зеро ки Пешвои миллати тоҷикистониён ғамхори миллати худ мебошанд ва ҳамеша барои беҳтар намудани ҳаёти некӯаҳволии кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҳамин тавр, Пешвои миллат аз гароншавии нархи интернет маълумот гирифта, барои бартараф кардани он ҷаласаи Ҳукуматро ташкил намуданд ва ҳамин тавр Пешвои миллати муаззами мо нархгузории интернетро ба ҳолати аввалаи худ баргардониданд. Албатта ҳар як кор ё нақшае ки дар кишвар пешбинӣ мешавад, аз нигоҳи Роҳбари давлат мегузарад ва он пеш аз ҳама барои манфиати халқ нигаронида мешавад. Ба ҳолати аввала баргардонидани масъалаи интернет фоли нек буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат дар беҳтар намудани некуаҳволии халқ мекӯшанд.
Моён набояд ба он фикрҳои ғаразонаи гурӯҳҳои нохалаф, ба монанди ТЭТ ҲНИ оид ба болоравии нархи интернет пайравӣ намоем. Зеро ки ин гуна афродон дар ҷамъияти мо танҳо шурӯ ғавғоро ба миён оварда, Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистони азизро номсиёҳ мекунанд. Лекин мо боварии комил дорем, ки ҳар як тоҷики асил ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ мебошад. Умедворем, ки ин гуна мактуб ва мақолаҳои беоғозу беохир аз тарафи инсонҳои бешуур ва беоянда навишта мешаванд. Онҳо худро гӯё аз шахсоне мегиранд, ки ҳамаи ҳақиқатро онҳо медонанд. Лекин баръакс ин гуна афродони ватандушман кӯтоҳандешанд ва дастовард, сулҳу оромӣ ва тинҷию осудагии кишварро намехоҳанд.
Ҳамин тавр, дар давраи муосир технологияи иттилоотӣ дар ҷаҳон басо пеш рафтааст ва дар баробари дигарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳму кӯшишҳои Ҳукумати имрӯзаи кишвар барои муосиркунонии технологияи иттилоотӣ дуруст ба роҳ монда шуда истодаанд. Бо мақсади таъмини бехатарии ҷамъият ва умуман миллати тоҷик аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои барои халқи тоҷик муфид андешида шуда истодаанд.
Кафедраи забони олмонӣ