​Хурофоти динӣ дар байни занҳо

Мардуми тоҷик расму анъанаҳои худро ҷиҳати пушидани либоси миллӣ вобаста ба минтқаҳои кишварамон аз солҳои пешин дошт ва ин анъанаҳои гузаштагони мо то барҳамхурии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ амал мекард. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушода шудани рафту омади шаҳрвандони мо ба хориҷи кишвар, аллалхусус ба давлатҳои мусалмонӣ, аз тарафи занони тоҷик пушидани либосҳои ба миллати мо бегона сатру ҳиҷоб ба қавле «муд» шуд. Саволе ба миён меояд, ки чаро занони давлатҳои мусалмонӣ либосҳои миллии мардуми тоҷикро ба бар накарданд?. Ҳол он, ки вобаста ба минтақаҳои Тоҷикистон занони тоҷик ҳам сифр либосҳои миллии мусалмониро ба бар мекунанд ва ин анъана аз бибию модарони мо то кунун ба мерос мондаанд, онҳо низ худро мусалмон меҳисобиданд аз рӯи талаботҳои шариати ислом либос мепушиданду мепушанд.

Омӯзиши ислом ва таълимоти динӣ набояд барои занон дар омӯзиши донишҳои дунявӣ монеа эҷод кунад. Ба қавле аксар занони ҳиҷобпӯш, таълимоти мукаммали динӣ надоранд ва танҳо рисолати худро дар сатрпӯшӣ ва кунҷи хона нишастан медонанд.
Мутаасифона, дар кишвари мо бештар хурофоти динӣ дар байни занҳо паҳн гаштааст. Бовар дорам, ки таълимоти динии онҳо ҳам бисёр маҳдуд аст. Вале ҷойгоҳи зан дар ислом бисёр баланд аст, мақоми зан баланд аст, пӯшидани ниқоб навъи дигари рӯсарӣ, ки имрӯз бархе аз занони тоҷик ба бар мекунанд ва он тамоми чеҳраи занро ба ҷуз аз чашм мепӯшонад,

Вақте, ҳама сиҳату саломат аст, тамоман сиёҳ пӯшидан барои мо ин фоҷеа аст ва нусхабардории кӯр-кӯрона ба фарҳанги бегонагон аст. Ин чиз бисёр хатарнок аст. Баъзеҳо инро дар зиёд шудани филмҳои исломиву таассуб ва ё як навъи мӯд табдил шудани ин навъи либос медонанд. Сатҳи нафароне, ки нисбат ба сатр, нисбат ба фарзияти илоҳӣ таваҷҷӯҳи бештару хоса доранд имрӯзҳо бештар дида мешавад ва ин назарсанҷӣ ба назари банда дар як доираи маҳдуди занҳо анҷом шудааст. Хубтар мешуд, ин кумита бо тамоми ҷомеаи кишвар, хусусан бо аҳзоби сиёсӣ ва афроде, ки метавонанд ин мавзӯъро бештар пайгирӣ кунанд, ҳамкорӣ мекарданд ва дар нисбат ба ин гуна мавзӯъҳо якҷоя назарпурсӣ гузаронида, хулосаи амиқеро бароварда мешуд.
Баяд зикр кард, ки тайи чанд соли охир масъалаи ба шиддат рӯ овардани духтарону занони тоҷик ба навъҳои либоси исломӣ яке аз мавзӯҳои аслии сӯҳбати хосу ом дар Тоҷикистон ва мояи нигаронии бархе аз масъулини кишвар гаштааст. Даъвоҳои пурсару садои донишҷӯёни сатрпӯш бо масъулини вазорати моариф ва норозигиҳои ин гурӯҳи духтаронро шояд аксарият дар хотир доранд.

Бо амри вазири маорифи Тоҷикистон ду-се сол қабл, бо сабаби мувофиқат накардани ин навъи либос барои хонандаву донишҷӯён, пӯшиши онро дар муассисаҳои таълимӣ манъ карданд. Ин фармон боиси тарки таҳсил ва ё ронда шудани чандин духтарони рӯсаридор аз мактабу донишгоҳҳо гашт, вале дар ин миён духтароне ҳам кам набуданд, ки бо ҳадафи идомаи таҳсил ё кор баръакс маҷбур шуданд тарки рӯсарӣ кунанд.

Бояд қайд кард , ки бо мақсади ба танзим даровардани пушидани либоси миллӣ, пешгирии ба бар кардани либосҳои ба занҳои мо бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гаштани чунин қонуни ба танзимдароваранда айни муддаҳо буда, ташаббускори ин қонун низ модарону хоҳарони бофарҳангу миллатдӯсти тоҷик, ки аз расму оин ва таърихи бойи худ огаҳи доранд, ба ҳисоб мераванд ва Тоҷикистон макони рекламаи сатру ҳиҷоби бегонаи аҷнабӣ нест.

Атоев А.М.-мудири кафедраи

умумидонишгоҳиифалсафа

д.и.ф, профессор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ