​Ҳайфи шумо...

Баргаштани як нафар шаҳрванде, ки аз рафтору кирдор, гуфторҳояш пушаймон аст, имрўзҳо ба масъалаи рақами 1-и баҳсӣ табдил ёфта, барои баъзе ҳангомаҷўён «дастак» шудааст.

Шарофиддин Гадоев саркарда ва роҳбари ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», ки мақсаду барномааш ба ҳамагон номаълуму норавшан асту кай ва дар куҷо таъсис дода шудааст, чанд нафар аъзо дорад, барои чӣ ҷаласаҳояшро дар хориҷ баргузор менамояд, касе намедонад, ба ватан баргаштаву аз карда пушаймон аст.

Мегўянд, ки Алишер Абдураҳмонов, ки рутбаи капитанӣ дошта гӯёшогирди генерал Сўҳроб Қосимов будааст, раиси нави чунбиш таъин гардид. Марде, ки бо либоси низомӣ барои содиқ будан ба Ватан қасам хўрдаасту дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат намудааст (то вазифаи сардори муҳофизони фурудгоҳ) чаро имрўз статуси гурезаро дорад, чаро зиндагиро дар мулки бегона ихтиёр дорад? Агар мақсади ҷунбиш рушди Тоҷикистон бошад, чаро дар Олмон фаъолият доранду ба таври махфӣ нақшаҳояшро тарҳрезӣ менамоянд? Аз Олмон нишаста бо бонг задану таҳдид кардан магар Ватанеро, ки бо ҷон парвариду бо обу хоки худ ба камол расонид, тараққӣ дода мешавад? Магар ин «ватанпарастон», ки даъвои рушд додани Тоҷикистонро доранд бехабаранд, ки нақшаву барномаву стратегияву консепсияву, қарору қонунҳое, ки рушди Тоҷикистонро таъмину таҳким мебахшад, кайҳо қабул шудаанду, имрўз бо суръати баланд амалӣ шуда истодаанд.

Мухолифин бозгашти Шарофиддин Гадоев бо як изҳорот таъкид медоранд, ки номбурда иҷборан ҳангоми сафараш ба Русия рабуда ва ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Эшон бо ҳар гуна мақола дар сомонаҳову намоишкориҳо дар интернет бонг зада истодаанд, ки: "Дар доираи сафари корӣ Шарофиддин Гадоев расман раводиди Русияро дар сафоратхонаи ин кишвар дар Шоҳигарии Нидерланд ба даст овардааст. Дипломатҳои Русия медонистанд, ки Шарофиддин Гадоев бо ҳамин ҳадаф равонаи он кишвар аст. Дар фурудгоҳи шаҳри Маскав ўро масъули бақайдгирии намояндагии ҷунбиш дар Русия, ҳуқуқшинос Николай Николаев, шаҳрванди Русия пешвоз гирифт...». Пас, аз ин изҳороти мухолифин, ки саропо тўҳмату бўҳтон аст, шунавандаву хонанда ба фикре ѓўтавар мегардад, ки агар Гадоевро маҷбуран аз мамолики рус ба Тоҷикистон оварда бошанд, пас чаро мақомоти дахлдори рус ба ин бетарафӣ кардаасту Гадоевро ҷонибдорӣ нанамудааст? Маълум аст, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқдар кишвари бегона беиҷозат амалеро ба иҷро расонида наметавонанд. Пас чӣ тавр Шарофиддин Гадоев ба таври иҷборӣ ба Тоҷикистон оварда шудааст, вақте ӯ тибқи иттилои худи ҳамин мухолифин бо сафари корӣ ба Русия сафар карда бошад?

Ҳар амале, ки аз ҷониби шаҳрванди бегона содир мешавад, ба пуррагӣ зери назорат қарор мегираду тафтиш мегардад, пас бо ин изҳороти худ мухолифин ҳатто мақомоту сохторҳои дигари Русияро низ мутаҳҳам сохта истодаанд, ки чунин даъво доранд: «Садорати ҷунбиш барои изҳори эътирози худ ва ҷалби таваҷҷуҳи оламиён ба моҷароҳои одамрабоии Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳамдастии мақомоти Русия, силсилаи намоишҳои эътирозиро дар пешорўи сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Русия дар кишварҳои урупоӣ ба роҳ хоҳад монд». Ин даъвоҳо то куҷое ҷой дораду кай амалӣ мегардад, худ ин даъвогарон медонанд. Магар бо се нафар гирдиҳамоӣ сохта, мо Аврупоро ба ҷунбиш даровардем гуфта бонг заданашон як сирке, ки дар он бӯзинагони навромшуда бозида истода бошанд, монанд нест? Инро чандин бораҳо дар намоишкориҳое, ки мухолифин – гирдиҳамоӣ гуфтанду тазоҳурот гуфтанду ба намоиш гузоштанд бидидему хандидем! Ва такрор бошад, ҳам гуфтанием: - «ватандорон»-и беватан сахт ташвиш накашед! Шуморо ин ободии Ватан, ин гул-гул шукуфоии Ватан намефорад, пас шинед, дар ҳамон макони нав «ВАТАН» хондаатон, ҳамон маконҳоро рушд кунед, тараққӣ диҳед, агар мардумонаш ба хизмати чун шумоён сагони дайду ниёзе доранд.

Моро байни ёрону дўстон будан, осмони софу беолоиши Тоҷикистон хуш аст! Моро ин обу хок, ин мамлакати обод хуш аст! Шукри ободӣ дорем, шукри истиқлол дорем, кифоя аст! Боқӣ бо меҳнати ҳалол онро худамон ба гулистон табдил хоҳем дод....

Ҷанобон, мухолифон! Наход ягон зарра ёди Тоҷикистон надошта бошед. Модаратон, хонаатон, дўстонатон, ҳамсинфу ҳамкурсонатон, кўчахое, ки бачагиатон сипарӣ шудааст пазмон нашудед магар? Таъсису ташкили ҳизбу созмонҳо, ҷунбишу гирдиҳамоиҳо ба хотири кӣ ва чӣ, кадом хоҷаву беку тӯраҳои манфиатхоҳ? Агар таъсис додед, барои чӣ овозаву дарвозаҳои беҳуда? Шарм надошта, изҳор медоред, ки гирдиҳамоӣ дар назди сафоратҳонаҳо ташкил намуда, ҷониби Тоҷикистонро ба одамрабоӣ айбдор менамоед. Гирдиҳамоӣ ташкил мекунед ё намекунед кори шумост, вале талаб менамоем, ки андак ақли солимро ҳам ба кор андозед, имрӯз Тоҷикистон дигар он давлати навбунёди ҷангзада нест. Вай давлати соҳибистиқлол аст, ки новобаста аз мушкилотҳои иқтисодиву сиёсии замоне хоҷагони шумо таҳмилдода рӯ ба рушду нумӯъ дорад. Тоҷикистону мардуми меҳнатқарини он дигар ниёз ба ислоҳоту маслиҳати «гурезагон» надорад. Масъалаи рушд, таҳкиму сулҳу субот, танзими сиёсати хориҷиву дохилӣ кайҳо ҳалли худро ёфтааст.

Баргаштану ба гуноҳҳои назди ватану ҳамватанон содирнамуда иқрор шудани Шарофиддин Гадоев шояд фоли некест, ки мисли худаш раҳгумзадагонро ҳушдор месозад аз сиёҳрӯӣ ва ноҷавонмардӣ барканор бошанд. Аз андеша, алалхусус андешаи нопок, даст кашида натавонистан хоси шахси носолим аст. Агар шумоён солимфикру солимақлед ба ҷойи ҷорзаниҳои беҳуда шояд сукуте мекунеду амали Шарофиддин Гадоевро таҳлил ва ба ӯ пайравӣ, зеро ватан низ чун модар борҳо фарзандони роҳгумзадаву нохалафро бахшидаву дубора ба канор гирифтааст.

Дар акси ҳол, шумоён- «мусулмонони асил», ягон рўз кўр мешавед, зеро куфри неъмат доред. Ба он обу хоку нону намаки хўрдаатон ношукрӣ мекунед, пас бо кадом рўй ба мардум нигоҳ мекунед? Шумоёнро ҳамин обу хок ба воя расонида, чунин «доно» кардаасту имрўз шумо бошед, дар мулки бегона нишаста, ислоҳоту гирдиҳамоиву тўҳмату бўҳтонро нисбати Ватану ҳамватанон раво мебинед. Ҳайфи шумо…

Декани факултети педагогӣ Рабиев С.М ва муовини декан оид ба тарбия Қодирова М.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ