​Факултети забонҳои шарқ: Маҳфили адабии “Чашми ҷон”

Бахшида ба Рўзи Модар дар факултети забонҳои шарқ маҳфили илмӣ-суханварии “Чашми ҷон” дар мавзўи “Дӯст доштани модар” баргузор гашт.

Дар чорабинӣ мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия Нодир Ҳусейнбоев, декани факултети забонҳои шарқ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ислом Раҳимов, мудири кафедраи забонҳои форсӣ-хитоӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Марҳабо Қосимова ва дигар устодони факултет ширкат варзиданд.

Дар маҳфил оид ба эҳтироми Зан-Модар ҳикоёти таъсирбахшу ҷолиб аз ҷониби профессор Низомиддин Муродӣ нақл гардида, филми тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.

Донишҷўён доир ба филми гузошташуда андешаҳои худро иброз намуда, баён карданд, ки баҳри шинохти қадру манзалат ва ҷойгоҳи модарон дар ҷомеа, гузаронидани чунин маҳфилҳо ва намоиш додани филмҳои тарбиявӣ аз ҳаёти ибратбахши занони тоҷик судманд хоҳад буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ