Пастиро шараф мапиндоред...
Рўзҳои охир шоҳиди он гаштем, ки мухолифини муҳоҷири тоҷик корҳоеро ба сомон мерасонанд, ки бар хилофи ақлу идрок аст ва ҳадафи ҳар чорабинии онҳо бадном кардани Тоҷикистон ва ҳукумати мамлакат мебошад. Дар суханрониҳои Шарофиддин Гадоев, Сулаймон Давлатов, Саидюнуси Истаравшанӣ ва дигарон чунин ба назар мерасад, ки онҳо аз кўчаи одии этикаи сиёсӣ нагузаштаанд ва алфозеро дар забон ҷорӣ мекунанд, ки ба қавли халқ ба бел монед, қабул намекунад.
Сухангўёни мухолифин аксар вақт дастовардҳои кишварро нодида мегиранд, ки ин нишонаи нотавонбинӣ аст. “Суханварон”-и зиёд дар арсаи байналмилал ҷор мезананд, ки Тоҷикистон ин асту ҳукумати ин кишвар он асту ғайраҳо...
Дар байни ҳамаи ин суханварон Илҳом Ёқубов низ ҳаст, ки яке аз норизоёни Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Вай ҳам мисли ҳамтоёнаш худро ҷабрдида аз ҳукумати золимонаи кишвараш медонад.
Мардум хуб медонанд, ки ў раҳбари Ҳизби наҳзати ислом дар вилояти Суғд буд ва дар баробари ин ба варзиш низ шуғл меварзид ва мураббӣ буд. Дар наворе ў изҳори пушаймонӣ карда буд, ки аъзои ин ҳизб гаштааст ва баъди рафтан ба Аврупо гуфтораш тамоман ранги дигар гирифт ва ҷорзаниҳояш нисбати Тоҷикистон дигаргун гашт. Ў ҳам мисли шахсони дар боло номбурда худашро “ҳомии адолат”, “пуштибони тараққиёт дар ҷумҳурӣ”, “озодандеш” муаррифӣ мекунад, аммо ҳақиқатро гўем, ин суханон танҳо дар гуфтор ҳасту халос, дар амал чизеро намебинем, ки шоистаи чунин номҳо бошад.
Охир, одамизодаӣ, эй нохалаф,
Чанд пиндорӣ ту пастиро шараф?