Бегонапарастӣ то ба кай?
Мо анъанаҳои миллии худро дорем, аз ҷумла либоси миллӣ- чакан, атлас ва рӯймол, ки зебо ва тоҷикона ҳастанд, пурра метавонад ба талаботҳои ислом ҷавоб диҳад"-қайд мешавад дар баромадҳои сарвари давлат. Имрӯзҳо халқи шарафманди тоҷик дар партави ҳидоятҳову роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни сисолагии Ватани азизамон заҳмату талош варзида, кӯшиш доранд, ки ин ҷашни бузурги миллатро бо армуғони шоиставу арзанда истиқбол намоянд. Раиси ҷумҳур дар ҳар як баромади хеш пайваста таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон маҳз бо дастгирии халқи шарафманди он, бо кӯшишу талошҳои мардони кор дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ метавонад дар солҳои наздик ба яке аз давлатҳои пешрафтаи дунё табдил ёбад. Дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар соҳаи сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳанг метавонад моро ба қуллаҳои баланди муваффақият расонад. Паёми навбатие, ки раиси ҷумҳур ба мардуми шарифи Тоҷикистон ирсол дошт ҳама саршор аз корҳои бунёдкориву созандагӣ дар роҳи расидан ба мақсадҳои наҷиб буда, ҷумла афроди ватандӯсту худогоҳро руҳбаланду болидахотир сохт.
Боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди ин қадар ғамхориҳо ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳоло ҳам дар байни мо нафароне пайдо мешаванд, ки ба қадри ҳаёти орому осоишта ва фаровону пурфайз намерасанд ва ё ин ҳама пешравиву дастовардҳои беназирро нодида мегиранд. Майлҳои бегонапарастӣ дар байни ҷавонону ҷавондухтарон ва мардону занони кишвар то ҳол ба назар мерасад. Ин зуҳуроти номатлуб моро водор менамояд, ки нисбат ба атрофиёни худ бетараф набошем ва ба гуфти Пешвои миллатамон ҳушёрии синфиро аз даст надиҳем. Яке аз чунин зуҳуроти пурхавф ин рӯ овардани занону духтарони тоҷик ба сатри аврат маҳсуб меёбад. Аслан, ин тарзи либоспӯшӣ барои мардуми тоҷик бегона аст, хоси кишварҳои исломист. Боиси таассуф аст, ки аксари ҷавондухтароне, ки чунин тарзи либоспӯширо барои худ интихоб кардаанд, шояд аз асосҳои дини ислом бехабар бошанд ва як тақлиди кӯр-кӯрона асту бас. Дар кӯчаҳои шаҳр мебинем, ки онҳо бо либосҳои тангу тор, туфлиҳои пошнобаланд ва рангу бори аз ҳад зиёди лабу рӯ сатри аврат ба бар карда, дар даҳон сақич диққати атрофиёнро ба худ ҷалб менамоянд. Магар ин мусулмонӣ аст. Ин бегонапарастӣ нест?
Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ фармудааст:
Ҳазорсола раҳ аст, аз ту то мусулмонӣ,
Ҳазор соли дигар, то ба ҳадди инсонӣ!
Мо устодони факултети филологияи тоҷик сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ дастгирӣ намуда, талош бар он меварзем, ки ҷавонони тоҷикро дар руҳи ватандӯстиву ҳуввияти миллӣ ва ифтихор аз гузаштаи хеш тарбия намоем ва нагузорем, ки ҷавонони мо бегонапарасту бефарҳанг бошанд. Мо нафаронеро, ки мардуми бонангу номуси Тоҷикистонро ба ҷодаи нодурусти зиндагӣ раҳнамун сохтанӣ мешаванд, маҳкум менамоем ва аз ҳамаи онҳое, ки раҳгум задаанд, даъват ба амал меорем, ки аз амалҳои номатлуб саривақт даст кашанд ва ҳамқадаму ҳамнафас ва ҳаммароми мардуми сулҳдӯсту ваҳдатқарини Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд.
Аъзоёни факултети филологияи тоҷик