Изҳороти устодони кадедраи сиёсатшиносӣ
Аз интишори расонаҳои хабарӣ бохабар шудем, киватанфурўш, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) Муҳиддин Кабирӣ, дар маросими ёдбуди шодравон Файзинисо Воҳидова гўё, ки бо пешниҳоди баъзе аз шаҳрвандон таъсиси «Ҷоизаи Файзинисо Воҳидова» -ро талаб кардааст.
Ин хоини ватан марги адвокати маъруфи тоҷик Файзинисо Воҳидоваро барои манфиатҳои худ суистифода карда, ақидаҳои ғаразноки худродар байни мардум паҳн кардан мехоҳанд. Онҳо иброз мекунанд, ки марги ўтабии набуд. Аммо ҳамсари Файзинисо Воҳидова иброз кард, ки шодравон бемории вазнин дошта аз олам чашм пўшид ва суистифода аз марги ин шахс хилофи арзишҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ў марги табии Файзинисо Воҳидоваро ба сиёсат ҳамроҳ карда ҷомеа ҷаҳониро , ки аллакай кӣ будани онҳоро медонанд ба худ ҷалб карданианд.
Муҳиддин Кабирӣ инчунин қайд карда аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба қисмҳо тақсим шудааст. Не, ин гапҳои дурўғ аст. Баракс имрўзҳо ҷомеаи тоҷик муттаҳид буда,ба суханҳои бардурўғу фитнаангез бовар намекунанд ва бар зидди шахсони беимон мисли Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ мубориза мебаранд.