​Изҳороти омўзгорони факултети забонҳои хориҷӣ ва кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ

Ҳар як шаҳрванди Ватани маҳбубамон, бахубӣ мушоҳида ва дарк намудааст, ки амалҳои хиёнаткоронаи роҳбари собиқи ТЭТ ҲНИ ва ҳамакнун Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ ба одат табдил ёфтааст. Инҷо мо оид ба таърихи пайдоиш ва дар замони Шӯравӣ зери пуштибонии кадом хоҷагон пинҳониву ошкоро фаъолият намудани ин ташкилоти террористӣ истода намегузарем, зеро ин мавзӯъ ба ҳамагон маълум аст. Аммо бояд боиқрор зикр намоем, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба як ҳизби ихтилофангез, бозичаи дасти хоҷагон ва ба истилоҳи техникӣ ба як робот ё автомате, ки амалиёти муқаррарии ба ҳаракати инсон монандро иҷро мекунад, мубаддал ёфтааст.

Чун муроди матлаби мо ошкорсозии симои разилонаи ин ташкилоти террористист, бояд зикр намоем, ки Кабирӣ ҳамчун дастпарвардаи хоҷагони хориҷӣ, ки аллакай ҳангоми шогирдиаш ба иҷрои корҳои зишт одат карда буд, дар кишвар ба амалҳои разилонаву манфур даст зад ва ҳоло ҳам ба чунин амалҳо идома дорад. Аз ҷумла тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ дарак медиҳад ва гӯё вазъи дохилии Тоҷикистонро ба таҳлил мекашида бошад. Новобаста аз оне, ки Кабирӣ ду ё се дипломи олӣ доштан ва ё надоштанаш барои худаш аст. Ақлу идроки инсон ва шахс танҳо бо диплому ҷоиза муайян намешавад. Роҳбарии фирории наҳзатиён ҳамчун хоин худро нишон додааст ва айни ҳол мехоҳад дар чашми мардум нек бошад. Лек мардуми тоҷик сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонад ва дигар бора ба суханҳои бардурӯғи мулло Кабирӣ боварӣ ҳосил намекунад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ