Изҳороти устодони факултети биология ва химия
Интихоби сафар ба Аврупо ба сифати ҳамкори боэътимод агар аз як тараф ғаризаи бақои миллӣ дар шароити буҳронзадаи ҷаҳонӣ унвон шавад, аз тарафи дигар ба ҷараёни табии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба решаҳои қавии ҳамкориҳои мутақобилан судманд сабабгор шудаанд. Аврупо дар саромади Истиқлолияти давлатӣ ба ҳукумати навтаъсис дасти ёрӣ дароз карда, барои таҳкурсии давлат кӯмакҳои бесобиқа кард. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон бо назардошти «сиёсати дарҳои боз» бо як пайдарҳамии бесобиқа пуштибони хати сиёсати хориҷӣ будааст. Мавқеъгирии дуҷониба дар масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷузъи низоми сиёсии хориҷии кишварро ташкил мекунад. Сатҳи робитаҳои мутақобила ва бисёрҷонибаи Тоҷикистони азиз ва Иттиҳоди Аврупо барои пешбурди лоиҳаҳои муштарак ва манфиатҳои миллӣ ба соҳаи иқтисодӣ, сиёси ҳарбӣ ва фарҳангӣ сабабгор мешавад. Ҳалқаҳои зиддимиллӣ, ки дар муҳити оворахонаҳои Аврупо хайма задаанд, аз ҳар дастоварди ҷиддии давлатдории муосири тоҷикон дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳангомаи нораво паҳн мекунанд ва мекушанд сафедро сиёҳ, хубро бад ва дастовардро ба нуқсону камбудӣ табдил дода, вазъияти кишварро бегона нишон диҳанд. Наҳзатиёни бадманишон қобилият ва иқтидори навҷуӣ ва навпоиро надоранд, буҳрони шадиди шахсиятӣ ва афсурдагии беморгунаи раҳбарияти ифротиён, ҳамаи онҳоро домангир аст. Аниқтараш онҳоро дар кӯчаву гузари муҳоҷирони бодиянишини араб дар Парижу Берлин замингир кардааст, ки зарфияти на танҳо таҳлилӣ, балки инсониро билкулл гум кардаанд. Ҳамин тавр, ягона монеаи ҷиддӣ, ки баъзе ҳалқаҳои нотавонбин ба он майлу рағбат доштанд, фаъолияти ҳизби мамнӯи наҳзат буд, ки ҳамвора бо тахрибкорӣ ва туҳматпароканӣ муносибатҳои кишварҳои ҳаммаромро хадшадор мекард ва чун ин монеа аз сари роҳ бардошта, ҳама корҳо рӯ ба роҳ хоҳад буд.