​Роҳ ба сӯи нестӣ

Амали Шарофидди Гадоевро ҳар кас ба таври худ шарҳ медиҳад. Ба ин рафтор ва гуфтори Шарофиддини гумроҳ аз ҳар ҷонибе ки назар накунӣ дар он ягон чизеро пай намебарӣ, ки ин шахси гумроҳу ноаслро ба ҳақ барорад. Зеро ҳамин навори видеоие ки дирӯз тавассути ютуб пахш шуд, бисёр ҳақиқатро баро афроди дақиқназару ҳақбин ифшо кард:

1. Шарофиддин дар он навор як тӯтиеро мемонд, ки аз он тарафи оина ҳар чӣ мегуфтанд, онро такрор мекард. Барои ӯ муҳим он набуд, ки чӣ мегӯяд ва дигарон дар бораи ӯ чӣ мегӯянд балки барои Шарофиддин баргузории ҳамон брифинг муҳим буд, ки дар назди хоҷагонаш ҳисоботи муҳим маҳсуб мешуд. Ҳисобот аз як амали “қаҳрамонона ва ҳангуфт”, ки бе муҳобо барои Шарофиддин манбаи тозаи даромад хоҳад буд. Ӯ тӯтиеро мемонд, ки садои ларзон дораду ба маънии ҳарфҳояш намеравад ва мехоҳад тезтар аз он ҳолат берун ояд. Ба иборати дигар, ин спектакле буд, ки режисёр ва бозигарони худро дошт. Афроди аз ҷодаи журналистика оғоҳ хуб пай бурданд, ки на ҳамаи дар он ҷо нишастагон журналист буданд.

2. Интихоби Шарофиддин : модар-Ватан ё муҳоҷирати доимӣ ба хотири пулу зиндагии шоҳона?. Ин суоли мантиқӣ, ки аслу ҷавҳари инсонро ифода мекунад. Ин суолест, ки ҳар як нафари огоҳ аз вазъи Шарофиддин ба он таваҷҷуҳ менамояд. Шарофиддин дувуумиро интихоб кард. Яъне модарро гузошт, пулу давлатро интихоб кард. Оё инсоне ки нисбати тақдири модараш бетараф аст нисбати тақдири миллату давлат метавонад ғамхор бошад? Ватан-модар мегӯянд, пас оне ки модарро эътироф намекунад Ватанро дӯст медорад?

3. Шарофидддин гирифтори бало гаштааст: балои аввал хоҷагони хориҷӣ ва балои дуввум Муҳиддин Кабирӣ. Ин ду бало дур нест, ки Шарофиддинро ба наздикӣ ба гирдоби худ фурӯ барад. Онҳо барои Шарофиддин дигар имкони озод будан ва озод амал карданро нахоҳанд дод. Ӯ озод аст, вале аз назари маънавият ӯ як бандаест, ки муҳри ҷовидонии бандагиро бар ӯ задаанд.

4. Амали Шарофиддини дурӯя собит кард, ки агар инсон ботинан палид бошад, аз чизе рӯй наметобад. Ба қавле бо насиҳат мастро ҳушёр кардан мушкил аст.

Саидов С

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ