​Захми аввал аз ниёми худ бувад шамшерро...

Имрӯз Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор гузоштааст. Ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО-и Роғун мардуми кишварро хело руҳбаланд кард ва дар арсаи байналмилалӣ собит кард, ки Тоҷикистон, воқеан ҳам, дар партави сиёсати оқилонаи пешгирифтаи президенти онметавонад корҳои аз ин ҳам бузургро анҷом диҳад. Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳои хеш чи дар мавриди кушодашавии агрегати аввали НБО-и Роғун ва чи дар Паёми охиринашон умед ба мардуми Тоҷикистон, хоса ҷавонон доранд, ки Ватанро маҳз онон ҳимоя менамоянду ба шукуфазор табдил медиҳанд, яъне рушду нумуи Тоҷикистонро дар дасти бошандагони он мебинанд. Аммо, мутаассифона, дар байни ҷомеаи Тоҷикистон то ҳол афроде пайдо мешаванд, ки ин ҳама дастоварду пешравиҳоро нодида мегиранд ва ё дида наметавонанд. Ба қадри ҳаёти осоишта, фараҳу фаровонӣ намерасанд. Шояд онҳо ба умеди “ваъдаҳои калони” хоинону душманони халқу миллати тоҷик ҳар лаҳза бо амалҳои ношоистаи худ оромии кишварро халалдор сохта, ҳатто ба кормандони ВКД дастдарозӣ менамоянд. Ин кирдори онон на аз рӯи ақл асту на аз камоли инсонӣ. Чунин ҷавонон андеша аз он бояд намоянд, ки онҳоро, волидайнашонро ва зиёда аз он насли ояндаашонро маҳз замину обу нони Тоҷикситони азиз парвариш додаасту парвариш хоҳад дод. Ягон бегонаи бурунмарзӣ он ҳама самимият ва муҳаббату садоқатеро, ки Модар – Ватан ба фарзандонаш беҳисоб арзонӣ медорад, дода наметавонад, дар канораш парвариш намедиҳад. Ин ҳама дасисаҳову дасисабозиҳо танҳо бароиба даст овардани манфиатҳои шахсисту халос. Инро бояд он ҷавонони гумроҳ саривақт дарк намоянд ва ба қадри обу хоки Ватан бирасанд...

Мо, амалҳои номатлуби ҷавонони гумроҳи шаҳри Хоруғро маҳкум менамоем ва аз онҳо талаб дорем, то бо кирдорҳои ношоистаи хеш, ки ба шаъни ҷавонони тоҷик нозебост, оромии зодгоҳу Ватани худро халалдор насозанд. Танҳо судҷӯӣ аз худ карда, дили падарону модарон, додаракону хоҳаракон ва пайвандонашонро озор надиҳанд, онҳоро зери бори хиҷолату шармсорӣ нагузоранд, аз он ки шоири рӯзгордида Соиби Табрезӣ фармуда:

Мерасад озори бадгавҳар ба наздикон фузун,

Захми аввал аз ниёми худ бувад шамшерро.

Садорати филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ