Сафари кории Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Франсия
Аз 7 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Франсия оғоз гардид.
Дар фурудгоҳи “Орли”-и Франсия Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳайати намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Франсия самимона истиқбол гирифтанд. Худи ҳамон рўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо Шаҳзода КаримОғохони IV мулоқот оростанд. Зимни мулоқот масъалаҳои робитаҳои дуҷониба дар самти татбиқи барномаҳои давлатию стратегӣ, ба монанди расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ баррасӣ карда шуд.
Мулоқоти Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле 8 ноябри соли 2019 баргузор гардид. Дар мулоқот дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия бобати густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ муҳокима гардид. Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла мусоидати ЮНЕСКО оид ба таҳияи стратегияи рушди таҳсилот ва такмили усулҳои омодасозии омўзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
8 ноябри соли 2019 дар назди Қасри Елисей меҳмони олиқадр-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Франсия, мўҳтарам Еммануэл Макрон гарму самимӣ истиқболгирифт ва суруди миллиидавлатҳо садо дод.
Иқдомҳои созандаи Франсия дар масъалаи тағйирёбии иқлим, мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои амниятӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ тавъам ба мақсаду мароми Тоҷикистон аст. Ҷонибҳо зимни мулоқот густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ вакимёвӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, аз ҷумла истеҳсоли алюминийро афзалиятнок ва муҳим арзёбӣ карданд.
Дар маҷмўъ дар доираи сафари кории Президенти мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Мақсади сафару мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафту гулгулшукуфии Тоҷикистони азизамон равонагардидааст.Маҳз ҳамингуна сафарҳои корӣ ва мулоқотҳои судманди Пешвои муаззами миллатбоис гардидааст, ки ташаббусҳои неки созандаю манфиатовар ба ҷомеаи ҷаҳонииПезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистондар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ карда шудааст.
Имомова Муборак муаллимаи кафедраипедагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус