Тоҷикон тарафдори ҳамзистии осоишта
Дар фосилаи ками таърихи давраи истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Ҳамчун ҳадафҳои асосии сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори давлат масъалаҳои «…ҳифзи манфиатҳои олии кишвар, фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини амнияти миллӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони кишвар, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ» ва амсоли инро ба миён гузоштанд, ки талаби замони муосиранд. Дар муносибат бо кишварҳои ҳамсоя ба сиёсати дўстӣ, ҳамсоягии нек, густариши ҳамкории созанда бо якдигар, воситаи муҳимтарини муқовимат бо таҳдиду хатарҳои глобалии муосир мебошад.
Аммо баъзе аз кишварҳо манфиатҳои геополитикии худро пеша карда аз стандартҳои дугона истифода менамоянд. Хусусан дастгири кардани ТЭТ ҲНИ, бо сардораш Муҳиддин Кабирӣ. Ин як гурўҳи тундрав ва террористӣ буда, дар дохили кишвар ҳеҷ нерўи солиме қабулаш надорад.
Имрўз дунё пур аст аз ҷараёну ҳизбҳое, ки бо номи ислом муаррифи мешаванд, аммо на танҳо исломӣ нестанд, балки мавҷудияташонбар зарари мусулмонҳост,ваинро мардуми мо хубдарк мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро барои рушди ҳамаи гурўҳҳои иҷтимои муҳайё намудааст, ки аз ин мо шаҳрвандон бояд шукрона намоем. Ҷаҳони муосир пуртазод аст, ки он манотиқи гуногуни оламро фаро гирифтааст, лекин шукрона кишвари азизи мо таҳти роҳбарии давлат аз рўзҳои аввали истиқлолият худшиносиву худогоҳиро дар мадди аввал гузошт. Мардумро ба якдигарфаҳми, ягонагӣ ва сулҳи устувор даъват намуд. Имрўз мо тамоми қишрҳои ҷомеа маҳз аз рўи ин ҳадафҳои созанда, ки рушди минбаъдаи давлатро нишон медиҳанд кору фаъолият менамоем. Ҷомеаи имрўзаи мо бо суботи комили сиёси пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд. Мо набояд ба суханпардозиҳои беасос гўш андозем, балки бо фарҳангу маърифати баланди Ватандўсти баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз кору амал намоем.
Саркорбобоева М. - муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ