​Экстремизм ва терроризм: мушкилот ва дурнамои мубориза бо онҳо

Вобаста ба вазъяте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду чолишҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст».

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои мустаъқили минтақаи Осиёи Марказӣ, фазои холии идеологӣ ба вуҷуд ома два дар байни мардум бештар равияҳои гуногуни динӣ рӯ ба афзоиш ёфт. Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва ткррористӣ, ки тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гашт.

Аз ощози ба даст истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошанд. Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳоншавӣ, маънавӣ ва щайра муайян карда шудаанд.

Экстремизми миллатгароӣ – щояҳои радикалӣ, таҳамуллнопазирӣ ва амалҳои зидди намояндагони дигар гурӯҳҳои этникӣ, миллатҳо, гурӯҳҳои наҷодӣ, кӯшиши бартарафкунии сиёсӣ ё ҷисмонӣ онҳо, хушунат дар шаклҳои шадид – терроризм зидди мардуми гурӯҳҳо дигари этникӣ мебошад.

Зкстремизми динӣ – қатъиян эътироф накардани щояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблищоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.

Экстремисти наврасон ва ҷавонон – назар ва навъи рафториҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. + адоват ба гуногунандешӣ (махсус нисбат ба ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд.

Экстремизми экологӣ – назари радикалӣ нисбат ба ташкилот ва корхонаҳои ба таназзули муҳити зист мусоидаткунанда мебошад. Он дар амалҳо ва адр намоишу эътирозҳо барои ҳифзи муҳити зист бар зидди гунаҳкорони ҷиноятҳои экологӣ зоҳир мегардад. Чораҳои радикалӣ ҳатто нисбати шахсоне, ки либосҳои аз пашми ҳайвонот ба бар кардаанд, метавонад зоҳир шаванд.

Экстремизми зиддиҷаҳонишавӣ – назари радикалӣ ва рафтори бераҳмона нисбати ташкилотҳои ба фоизи ҷаҳонишавии иқтисодӣ, сийсӣ ва фарҳангӣ таъсиркунанда мебошад. Ифротгароён дар ҳаракати зидди ҷаҳонишавӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварии бевосита дар мубориза бо ширкатҳои трансмиллӣ, ниҳодҳои байналмиллалии иқтисодӣ ва сиёсии характери ҷаҳонишавидошта, иштирок мекунанд.

Экстремизми ахлоқӣ - таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафторӣ, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблищи маҷмӯи талаботҳои маънавӣ, накӯкорӣ ва аҳкоми динӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либосҳои бегона, риоя накардани қоидаҳои шарафи динӣ ва дунявӣ ва щайра мебошад.

Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.

Амалиётҳои сиёсии экстремизм дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ ощоз шуда ва дар шаклҳои хавфноки иҷтимоӣ чун шӯриш, фаъолияти исёнгарона ва терроризм хотима меёбад.

Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобста мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ