Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ
Дар ҷомеа инсонҳое ёфт мешаванд, кибароирасидан ба манфиати худ аз ҳеҷ чизчизе рў намегардонанд ва ба ҳама гуна равандҳо даст мезананд, ҳатто ватани худро фурўхта пойбанди сарпарастони хориҷа мешаванд. Ба мисоли ТЭТ ҲНИ, ки аз ақидаҳои нодуруст ва каҷ сарчашма гирифта, андешаҳои тундравона ва вайронкоронаро дар ҷомеа паҳн менамоянд. ТЭТ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ нияти халалдор намудан ба сиёсати дохилии кишвар дошта бо ин восита , тинҷию оромиро сарнагун кардан мехоҳанд. Аз ин рў моро зарур аст, ки баҳри пешгирӣ аз паҳн шудани андешаҳои тундравонаву ифротгароёнаи диниву мазҳабӣ тамоми чораҳои заруриро андешем ва барои табдили тафаккури хурофотии омма ба тафаккури илмӣ талошҳои созандае дошта бошем.
Тафаккури илмӣ силоҳи пурзўр, ки бо воситаи он мо на фақат бо сухан, балки амалан низ метавонем манфиатҳои миллии худро ҳимоят намоем. Маҳз ба ҳамин васила нерўҳои манфиатҷўи минтақавӣ ва байналмиллалӣ намехоҳанд, ки тафаккури ҷомеаи мо илмӣ бошад, чунки дар ин ҳолат имкони амалии хифзи манфиатҳои миллӣ пайдо намешавад, ки ин ба манфиатҳои онҳо муносиб аст.
Дар мавриди чунин муборизаҳо силоҳи асосӣ идеологиявамуборизаи идеологиву ақидавӣаст. Устувортарин пойдеворе, ки миллатро метавон нигоҳ дошт, ин ҳамоҳангии ақидагии ҳар як фарди ҷомеа аст. Бо воситаи идеологияи умумӣ ҳатто миллатҳои мухталифро метавон ҳамчун як низом ва дастгоҳи мукаммалу том ба ҳам муттаҳид кард ва баръакс, ба воситаи идеологияҳои мухталиф метавон афроди як миллатро ҳам ба гурўҳҳо ҷудо намуд ва ҳатто дар муқобили якдигар қарор намуд.
Хушбахтона, қишри асосии ҷомеаи Тоҷикистонро ҷавонони ҳушёру ва босавод ташкил медиҳанд ва онҳо ақидаҳои ифротиву бадхоҳонаи ин ташкилотҳо ва дигар созмонҳои террористиро қабул надоранд. Мардуми мо ҳушёриву зиракиро аз даст надода, дар атрофи роҳбарияти кишвар муттаҳид гашта, саҳми худро дар ободиву созандагии Тоҷикистон мегузоранд.