Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад...
Аҷдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон зиндагӣ намуда, халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ мебошанд. Аз замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд, ки маънои “тозза”, “асилзода”-ро дорад. Дар қадим аҷдоди ориёиҳо як халқ буданд, бо як забон гап мезаданд ва дар як кишвар зиндагӣ менамуданд. Хулоса карда гӯем, давлати тоҷик ҳазорсолаҳо пеш вуҷуд дошт ва дар давраи Сомониён обрӯи нуфузи зиёд пайдо намуд.
Ҳоло Тоҷикистон бо шарофати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нуфузи худро гум накардааст ва рӯз аз рӯз гулгулшукуфон шуда истодааст. Бо баробари ин бо ҳамаи давлатҳои абарқудрат муносибати дӯстона дорад ва аз ҷумла он бо давлати Қирғизистон, ки бо мо ҳамсоя мебошад.
Мардуми Тоҷикистону Кирғизистон бинобар ҳамсоя буданашон аз қадим муносибати хуби дӯстона доштанд. То имрӯз ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвари ба ҳам дӯст барои ҷаҳониён назаррас мебошад. Вале хабарҳои баде, ки ба мо омада истодааст моро андӯҳгин менамояд. Барои он, ки дар байни ду кишвар муноқиша оиди Замин рафта истодааст. Агар ба таърих чуқуртар назар андозем мо медонем, ки ҳамаи ин заминҳо ба Тоҷикистон таалуқ дошта ба Қирғизистон муваққатан дода мондаанд. Зеро халқи тоҷик аз аввал ба қадри дӯстӣ мерасиданд ва хостанд каме бошад ҳам ба ҳамсояи худ ёрӣ намоян ва онҳо медонанд, ки дӯстро дар лахзаи вазнин бояд шинохт. Ба ин маъни гуфтаанд:
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст ,
Дар парешонхолию дармондагӣ.
Аммо сад афсӯс якдигарнофаҳмии байни ду ҳамсоя давом дорад. Маҳз ба туфайли нофаҳмиҳо чанде аз одамон қурбон гардиданд.
Ҷомеаи кунунии мо аз ҳарвакта дида бештар ба рафоққату ҳамдастӣ ниёз дорад. Дӯстӣ бо мардум олам танҳо саодату хушбахтӣ меорад .Аз ин хотир шинонидани дарахти дӯстӣ савоб буда, решакан кардани ниҳоли душманӣ хуб аст. Мо низ аз ҷониби Ҳофизи Шерозӣ, ба он шахсоне, ки ба замини тоҷикон бо чашми ҳасад нигоҳ мекунанду мехоҳанд онро бо роҳи зӯрӣ бигиранд, гуфтанием:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душмани баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Чу меҳмони хароботӣ баиззат бош бо риндон
Ки дарди сар кашӣ ҷоно, гарат мастӣ хумор орад.
Луғмонова Шафоат, сармуаллимаи
факултети физикаю техника