Риштаи дўстиву бародарӣ канда мабод!
Дар ҷаҳон масъалаҳои аз қабили терроризм, экстремизми динӣ ва даҳҳои дигар проблемаҳои глобалӣ бояд ҳамаи давлатҳо сарҷамъона дар пайи ҳалли ин масъалаҳо бошанд. Яке аз аввалин қадамҳо барои ин муносибатҳои сулҳпарварона мебошад. Яке аз самтҳои афзалиятнок дар пешбурди ҷомеа ин такомули муносибатҳои байналхалқӣ мебошад, ки дар ин соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Тоҷикистон бо мамлакатҳои дуру наздик робитаҳои хуби дипломатиро ба роҳ мондааст, ки ин бешубҳа ба сиёсати «дарҳои кушод», ки аз тарафи Сарвари давлат эълон карда шудааст, мусоидат мекунад. Аммо дар ҷомеаи имрўзаи ҷаҳонӣ гурўҳҳо ё давлатҳое вомехўранд, ки ба ҳамаи муносибатҳои дўстонаи чандинсола нигоҳ накарда, ба иззати нафси дигарон мерасанд, бо гурўҳои ифротие, ки ақидаҳои ғаразнокро нисбати давлати мо паҳн мекунанд, ҳамкорӣ мекунанд, ки бар зарари дигарон ва барои нафъи худ бо онҳо равобити зич доранд.
Дар ҳар давраи таърихӣ тоҷикон чун як халқияти бофарҳанг бо дигар халқиятҳо дар сулҳу субот зиста зиндагии худро пеш мебурданд. Зеро авлодони мо суғдиён, портиҳо, маргиёниҳо, бохтариҳо, хоразмиҳо ба шумор мераванд. Ҳангоми баъди ба империяи бузурги Хахоманишиҳо дохил шудан ва баъди он, дардавраи Сомониён , дар Мовароуннаҳру Хуросон, ки бевосита дар ҳамаи он лаҳзаҳои пурҳассоси тарихӣ барои мардумони форсу тоҷик мебоист ҳамешагӣ дасти якдигарро гирифта ба ҳамдигар ёрӣ расонидаанд, барои ин дасисаҳое, ки дар шароити имрўза байни давлатҳо шахсиятҳои алоҳида ба амал бароварда истодаанд, як намунаи ибрат бояд бошад. На танҳо таърих, балки адабиёт низ аз ин бархурдор месозад, зеро бисёре аз мутафаккирони форсу тоҷикба монанди Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Синову Ҷомӣ аз ҷумлаи бузургтарин дастоварди адабиёти ҷаҳонӣ гаштаанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки муносибатҳои дўстонабайни тоҷикон ва дигар халқҳои бародаррўз то рўз афзуда истодааст ва ҳеҷ як падидаи номатлубе сади роҳи дўстиву бародарӣ шуда наметавонад, зеро сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати сулҳҷўёна мебошад ва он касе, ки бо мо робитаи нек пайдо карданӣ бошад, Тоҷикистон ҳамеша барои дасти ёрӣ дароз карда омодааст.
Абдуллоева А.- сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ