Аз худ бояд гиламанд буд…
Асри моро дуруст замони техникаву иттилоот гуфтаанд ва ин ҳақиқати бебаҳс буда, имрўз тамоми талошҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз техникаву иттиллот сарчашма мегирад. Азбаски пахш намудани иттилоот ва фаъол намудани сомонаҳои информатсионӣ ва сарукор гирифтан ба шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳама дастрас гардид, як идда аз «равшанфикорон» аз ин сўиитифода намуданд. Мутаассифона ҷаҳони бепаҳнову нопайдоканори интернет барои ҳар бесаводу кавдан ва ҷоҳилу гумроҳ майдони худмуаррифиву ҷавлонгоҳ шудааст, ки онҳо худро сиёсатшиносу озодандеш ва равшанфикур дигарандеш муаррифӣ менамоянд. Аммо аслу мақсадашон комилан чизи дигар аст.
Мақсади ин навишта доир ба матолиби дар саҳифаи фейсбукии худ нашр намудаи сардабири сомонаи Ахбор.сом. Мирзои Салимпур мебошад. Зикр намудан ба мақсад мувофиқ аст, ки аз ҳамон рўзе, ки ин сомона таъсис дода шуд, муғризона буд ва ҳадафи ниҳоии он ҳам сиёҳ кардан ва дар чашми мардум бад нишон додани ҳар рафтори зимомдорони Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Матолиби мақолаи мавриди назар низ идомаи ҳамон иғвономаву туҳматномаҳои беасосу дурўғини Мирзои Салимпур мебошад, ки боварнакарданист. Дар ин навиштаи худ қайд кардааст, ки он ҳамаи ҷавобҳое, ки бар мақолаҳои ман дар шабакаҳои мухталфи иҷтимоӣ дарҷ мешавад, супоришӣ буда, кори як гурўҳи мушаххас аст бо дастури КДАМ ва ҲХДТ сурат мегирад. Ва ин даъвои хешро бо он собит карданӣ ҳаст ки гўё нафаре бо номи Куруш худро собиқ корманди ин «Фермаи ҷавоб» муаррифӣ карда, барояш мактубе ирсол карда бошад. Кӣ медонад, ки ингуна шахс воқеан вуҷуд дорадва ин худ ҳарза будани сухани муаллифро собит месозад.
Ин андешаи воқеии худ мардум ҳаст, ки онҳо ҳар навиштаи туҳматбору дурўғине, ки нисбат ва давлату миллат ва ватану Пешвои онҳо навишта мешавад. Дигар мардум огоҳ шудаанд, намегузоранд ҳар кавдане дар бораи ватану миллати онҳо носазо гўяд. Ва ҳар кас ки мегўяд ҳатман ҷавобашро хоҳад шунид.
Акун вақти он шудааст, ки Мирзои Салимпур ва ҳаммаслакону ҳамандешагонашро инро дарк кунанд, ки дигар дар фазои иттиллоот низ барои онҳо ҷой нест. Дигар онҳо наметавононад ин колои пастсифати хешро ба бозор бароранд. Онҳо бояд итминон пайдо кунанд, ки мардум дигар гумроҳ нест, ки гўш ба ҳарфҳои пучу бемаънии онҳо фаро диҳад. Хулоса бояд инҳо дарк кунанд, ки вақти сухани беасосу бепоя ва пурдурўғ гуфтан гузаштааст. Бояд Мирзои Салимпур на домони КДАМ-ро гираду на ҲХДТ-ро, фақат бояд аз худ гиламанд бошад. Зеро мардум беҳуда нагуфтаанд, ки кулўхандозаро подош санг аст.
Кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ