Ҳаракати босмачигӣ–хилофи давлату миллат аст
Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон имконият дод, ки бо такя бар зербинои мустаҳками арзишҳои миллии хеш, аз ҷумла тамаддуни куҳани аҷдодӣ, таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдорӣ, таъриху адабиёти воқеӣ, ки ҳатто душманони миллат наметавонанд онро инкор кунанд, заминаҳои худшиносии миллӣ ва рушду такомули давлати ҷавони худро ба роҳ монанд.
Дар васоити ахбори омма – рӯзномаю ҳафтаномаҳо ва сомонаҳои интернетӣ дар бораи ҳаракати босмачигӣ ва шахсияти қӯрбошиҳо фикру андешаҳои гуногун интишор меёбанд. Ақидаҳое мавҷуданд, ки ҷанги босмачиёнро алайҳи ҳокимияти шӯравӣ ҳамчун "муборизаи мардуми Бухоро бар зидди инқилобчиён" тафсир мекунанд ва "пешвоён"-и босмачиёнро ба сифати "қаҳрамонони миллӣ" дидан мехоҳанд. Ин, албатта, нигоҳи яктарафа, ғалат ва субъективӣ ба воқеаҳои таърихӣ ва симои босмачиён аст.
Дар адабиёти бадеии тоҷикӣ аз солҳои 20-уми асри ХХ то ба имрӯз фитнагарии босмачиён мавзӯи тасвиру тадқиқ қарор ёфтааст. Садриддин Айнӣ дар асари худ "Таърихи амирони манғитияи Бухоро" (1922) ба ҳампайвастани босмачиёни Фарғона ва Шарқи Бухороро ишора намуда, дар бораи тороҷгарии онҳо чунин навиштааст: "Аскарони амир, ғазоталабон ва босмачиёни Фарғона, ки ба нияти имдод дар рикоби амир омада буданд, аҳолии Ҳисорро тороҷ карда, ба ҷон расониданд. Бинобар ин, аксари аҳолӣ ба кӯҳҳои баланд фирор карда, шаҳр ва қишлоқҳоро холӣ гузоштанд".
Сулҳи байни тоҷикон нодиртарин воқеаи сиёсӣ дар таърихи кишвар аст, ки қувваю қудрати давлати хеле ҷавони соҳибистиқлоли моро нишон медиҳад. Ба имзо расидани ҳуҷҷати таърихии Созишномаи умумииистиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ зуҳуроти дурахшони тафаккури нави ҳарду тараф буд. Дар таҷрибаи Тоҷикистон татбиқи тафаккури навро дар сиёсатисозандаи давлат ва Ҳукумат метавон рӯшан ба мушоҳида гирифт. Мо омӯзгорон ба хилофи ҳаракатҳои босмачигарӣ ҳастем ва ҷавононро ба роҳи сулҳу осоиштагӣ ҳидоят менамоем.
Изҳороти устодони кафедраи Системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ