Андешаҳо оиди нооромии байни сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рȳзҳои аввали истиқлолият барои барқарор ва танзим намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷиии худ кȳшишҳои зиёде ба харҷ дод. Аз ҷумла масоили амнияти миллии худро дар дохили кишвар бо имзо намудани шартномаи сулҳу ваҳдат амалӣ намуд.Сипас барои такмил додани сиёсати хориҷии худ бо давлатҳои дуру наздик дар асоси муносибати дȳстона ва гуманистона ба роҳ монда аст. То имрȳз дар сатҳи ҷаҳонӣ бо муносибати сулҳҷȳёнаву сулҳпарваронаи худ шинохта шудааст.Аммо дар замони муосир ашхосоне дарёфт мешаванд, ки мехоҳанд байни ҷомеа нофаҳмиро ба миён оварда амнияти миллиро халалдор созанд. Аз ҷумла давлатҳои дȳсту наздикро бо масоилҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ҳалталаб ба хархаша ва низоъхо гирифтор намоянд.

Чунончӣ 18 декабри соли равон дар минтақаи назди сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистонбоз аз нав низоъ пайдо шуда, нооромӣ ба вуҷуд омад.Дар сарҳади маҳаллаи СомониёниҷамоатиЧоркухи Исфара ва маҳалаи Кок-Тоши вилояти Баткенти Қирғизистон низоъ ба амал омад. Аз ҷониби як гурȳҳ аҳолии маҳаллаи Кок-Тошидеҳаи Ак-сай қасдан ойнаҳо, бомҳоимағоза ва нонвойхонаро дар маҳаллаи Сомониёни деҳаи Чоркуҳи Исфара шикастанд. Чуноне, кишоҳидони воқеа хабар медиҳанд, ин объектҳои иҷтимоӣ бо мақсади истифода бурдани аҳолии маҳаллаҳои сарҳадӣ бунёд карда шуда буд. Аз ҷониби қумондонҳои сарҳадии Кок-Тоши вилояти Баткент ба аҳолиидеҳаи Чоркуҳ зарари иҷтимоӣ расонида шуд. Дар байни аҳолии сарҳадӣ нофаҳмиҳо ба вуҷуд омада истодааст, ки то дараҷаҳои истифодаи яроқу аслиҳа оварда расонидааст.

Дар натиҷаи амалҳои беандешонаи баъзе ашхосон ҳаёти инсонҳо зери хатар гузошта шуда, нооромиҳо то муноқишаҳои аслиҳавӣ оварда шудааст. Бино ба иттилои расонаҳои иҷтимоӣ дар натиҷаи ин муно

иша чанд нафар аҳоли ба ҳалокат расонида шуданд.

Ҳол он, ки мардуми тоҷику қирғиз солҳои тȳлонӣ бо ҳам муносибати дȳстона ва бародарона доранд. Аммо имрȳз шахсоне ёфт мешаванд, ки байни ду халқият барои ҳалли масоилҳои иҷтимоӣ нофаҳмиро ба вуҷуд меоранд.

Имрȳз аз тамоми мардуми ин ду давлат даъват ба миён меорем, ки барои нигоҳдошти амнияти миллӣ, фазои орому осуда ва муносибати дустонаи халқҳо, низовумуноқиша ва нофаҳмиро бартараф намуда, ягонагӣ ва дȳстии халқҳоро пойдор намоянд.

Шарипова М.Ҳ- омȳзгори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ