Биё сулҳро ҳифз намоем...... (посух ба навиштаҷоти С. Истаравшанӣ)
Дуруст аст, ки мубориза алайҳи дини мубини Ислом ин аҳмақист. Таърихи фарҳанги исломӣ гувоҳи он аст, ки ҳар касе бар хилофи он ба мубориза бархостааст, дар охири кор шикаст хурдааст. Чаро? Зеро мусаллам аст, ки дар ҳақиқат нигаҳбони ин дин Худованд мебошад. Чи хеле ки мегӯянд, ин душманӣ душманмии кӯршапарак бо офтобро мемонад. Дар Тоҷикистон касе бо дини мубини Ислом душманӣ накардааст ва карданӣ ҳам нест. Дар сари ҳукумати Тоҷикистони азизамон шахсе нишастааст, ки Исломро хуб медонад ва пуштибони ин дин аст. Далели ин суханони ман он хоҳад буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла минбари Созмони Милали Муттаҳид ба тамоми башарият хотиррасон карда буданд, ки Ислом ин дини покиза аст, ҷараёнҳои тунгарои замони муосир, ба монанди: экстримизм ва терроризм ҳеҷ робитае бо ин дин надоранд.Тарҷумаи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, таҷлили соли 2009 дар Тоҷикистон ба ҳайси Соли бузургдошти Имоми Аъзам, пуштибонии ҳамешагии Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар аз мазҳаби ҳанафӣ далели собите бар нуктаҳои болост. Аммо ин гуна чирк ҷустанҳо аз гиребони аҳли ҳукумат ва соҳибони дин дар Тоҷикистон ба назар ҳамоно иғво метобаду бас. Касоне, ки бо ин гуна аҳдофи пурғараз сабабгори парокандагии тафаккури созанда ва иттиҳоди халқу миллати тоҷик хоҳанд шуд, ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки шукри оромиву осудагӣ, шукронаи дар оғӯши ватан пораи нону обе дар каф доштан моро мутмаин хоҳад сохт, ки ҳар мушкилот ва монеае, ки эҷод мешавад, албатта ҳалли худро хоҳад ёфт. Тоҷикон мусибати ҷанги шаҳрвандиро на танҳо бо чашми сар диданд, бо набзи ҷон тапиданду сулҳу оромиро бо талафоти зиёд хариданд. Имрӯз дигар каси солимфикре намехоҳад дигарбора он даҳшати таърих такрор ёбад. Ин сурудаи устод Лоиқ, ки гуфта буд:
“Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад”,
- сурудаи забону дили ҳар тоҷики бонангу номус буду ҳаст. Дигар мо ҳаргиз намехоҳем ваҳдату ягонагиро аз даст бидиҳем, сулҳи бунёдкорро бо ҷанги бунёдсӯз иваз карда бошем.
Муаллими кафедраи фарҳангшиносӣ Қорихонов С. О.