Изҳороти Кафедраи геоэкология ва методикаи таълим
Ҳар як фард дар ҷомеа бо мавқегирии худ мехоҳад исбот намояд, ки ӯ қобилияти фавқуллода дораду арзандаи иззату ситоиш аст. Баъзе шахсиятҳо бошад ба қобилияти табии худ аз буда бештар баҳо медиҳанд. Ҳол он, ки арзёбии мавқеи шахсият дар ҷомеа на аз ҷониби ӯ балки мебояд аз ҷониби аҳли ҷомеа амалӣ гардад. Баъд аз қабул гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон байни роҳбарияти кишвар ва мухолифин қарордод оид ба ишғоли 30% мансабҳои роҳбарикунанда баста шуда буд.
Дар доираи ин қарордод ба ноҳияи овозадори Ҷаббор Расулов намояндаи мухолифин Собир Бегиҷонов раис таъин гардида баъди фаъолияти кӯтоҳмуддатаз ҷониби баъзе қотилон ба қатл расонида шуд. Собир Бегиҷонов давоми фаъолияти худ дар ноҳия нақши арзандаро гузошта натавонист. Зеро, ӯ аз ҷониби ҳомиёни худ кӯмаке надид ва тавассути характери ноустувор натавонист дар ҳудуди ноҳия амали шоистаеро анҷом диҳад. Фарзияҳо оид ба сабаби куштори Бегиҷонов С. гуногунанд, вале бо боварии том метавон онҳоро ба намудҳо ҷудо кард ва яке аз онҳо, яъне ба пешвози Сайид Абдуллоҳи Нурӣ набаромадани ӯ мебошад. Дар асл ҳангоми ба ин вазифа пешбарӣ намудани Бегиҷонов С. наҳзатиён мақсад доштанд, ки ӯ яке аз манбаҳои мустаҳками маблағгузории Ҳизби наҳзат мешавад, аммо тири онҳо хок хӯрд. Чунки, Бегиҷонов С. бо лақаби “кидала” машҳур буда мақсад дошт, ки аввал нафсонияти хешро қонеъ кунад ва баъдан ба ҳомиёни худ дар ҳолати дастгирии мутлақи онҳо хизмат кунад. Чунин кирдорҳои Бегиҷонов С. ба хоҷагонаш нафорида онон бо дасти қотилон ба нафаре, ки ҷузъе аз организми наҳзатиён буд, захм зада ӯро парониданд. Ин амал нишонаи ноустуворӣ, қасоскорӣ, бераҳмӣ, разилӣ, нопойдорӣ ва дигар унсурҳои манфии наҳзатиён мебошад, ки барои расидан ба мақсади хеш қодиранд ҳамқадами худро нобуд созанд.
Шаҳодати нохалафии наҳзатиёнро мардуми шарифи Тоҷикистон кайҳо боз эҳсос кардаанду ба ин нафарони разилу аблаҳ нафрат доранд. Лаънат ба наҳзатиёни хунхору ҷонфурӯш!!!