​Факултети геоэкология: Соати тарбиявӣ дар мавзӯи “Ҳимоятгари Ватан”

Санаи 22–юми феврали соли 2019 дар назди кафедраи геоэкология ва методикаи таълими факултети геоэкология соати тарбиявӣ дар мавзӯи “Ҳимоятгари Ватан”бахшида ба 26–умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Нозири калони шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Турсунов Р.Х., мудири кафедра дотсент Ғуфронов Д.Н., ноибдекан оид ба таълим, дотсент Саидова Д.Н. ва омӯзгорони факултет иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби муаллима Умарова З.Ш. оғоз гардида, мавсуф меҳмони имрӯзаро ба ҳозирин шинос намуд ва қайд кард, ки дар кишвари азизи мо ҳамасола 23 феврал Рӯзи Артиши миллӣ бо тантана ва шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин ҷашни умумимиллӣ ба ҳисоб рафта, хурду бузург ҳомиёни Ватанро аз самими қалб табрику муборакбод мекунанд. Хизмат дар артиш қарзи ҳар шаҳрванди баору номус, ки Ватан - Модарро азизу гиромӣ медорад, маҳсуб меёбад.

Сипас, Турсунов Р.Х. дар мавзӯи “Артиши миллӣ ҳимоятгари ҳар фарди Ватан” маърӯза намуда, зикр кард, ки ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-сол пур мегардад. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буду, дар шароити вазнини сиёсӣ ва иқтисодӣ таъсис ёфтааст. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис дар заминаи иншоот ва базаи моддию техникии хусусияти ҳарбидошта Қувваҳои Мусаллаҳ хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз Артиши пурқудрати Шӯравӣ техникаи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд. 18-уми декабри соли 1993 генерал майор А.В. Шишляников вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид, ки ба ташкили нахустин раёсатҳо ва ҷузъу томҳо шурӯъ намуд. Бо роҳбарии ӯ аввалин намоиши сафороӣ ва расми гузашти тантанавии низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 феврали соли 1993 хотирмону фаромӯшношудани сурат гирифтааст. Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се марҳила ҷудо кардан мумкин аст. Мақсади асосии марҳилаи аввали таъсиси Артиши миллӣ ин ташкили Қувваҳои Мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини Истиқлолият, ҳифзи якпорчагии хоки Ватан ва оромию осоштагиро дошта бошад. Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар, пеш аз ҳама, ба зиммаи Шумо, ҷавонони баору ғаюр ва далеру шуҷои Ватан вогузор шудааст ва Шумо бояд Ватанроҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст доред, ба қадраш расед ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоед.

Дар фарҷом аз тарафи донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси география-демография шеърҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва Артиши миллӣ қироат карда шуд. Инчунин дар давоми дарс видеороликҳо бахшида ба Артиши Миллӣ намоиш дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ