​Конститутсия – Қонуни асосии давлат

Калимаи “конститутсия ” (аз калимаи лотинӣ “constitutio” – муқаррот, сохтор, барпо намудан) маънои сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олибударо дорад. Конститутсиядар навбати аввал, ҳуҷҷати таърихӣ буда, ҳазорсолаҳо амалмекунад. Он аз 10 боб , 100 модда ва муқаррароти интиқолӣ иборат аст.

БобиI – “Асосҳои сохтори конститутсионӣ”

Боби II – “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳоиасосии инсон ва шаҳрванд”

Боби III – “Маҷлиси олӣ”

Боби IV – “Президент”

Боби V – “Ҳукумат”

Боби VI – “Мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ”

Боби VII – “Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон”

Боби VIII – “Суд”

Боби IX – “Прокуратура”

Боби X – “Тартиби тағйири Конститутсия”

Конститутсия дар шакл ва мазмуни имрӯзаи худ зиёда аз 200 (дусад) соли охир амал карда истодааст. Конститутсия баробари ҳуҷҷати таърихӣ буданаш, ҳуҷҷати сиёсӣ ба шумор меравад ва ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад.

Конститутсияи Ҷумњурии Тољикистон 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқи қабул шудааст. Қабули Конститутсия дастоварди бузурги халқ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ба шумор рафта, барои пойдории сулҳусуботи комил, ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон нақши пурарзиш дорад ва дар заминаи он сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ баланд гардид. Бо қабули Конститутсия дар як муддати кӯтоҳ тамоми рукнҳои давлат дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвиёт ёфта, он вазъи воқеии пешрафти давлат ва самти ташаккули иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва диниву маънавии ҷомеа дар шароити муосир инъикос гардид. Конститутсия халқро ба сифати баёнгари соҳибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, асосу зербиноии ҳуқуқиро ба сифати кафолати танзими солими муносибатҳои ҷамъиятӣ муқаррар намуда ва барои аз нигоҳиҳуқуқи дурустба низом даровардани меъёрҳои қонун ва тартибу усули ҳуқуқи амали гардонии қонунҳо замина ба вуҷуд овард. Солҳои 1999, 2003 ва 2016 бинобар зарурати таърихӣ, ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди низоми ҳуқуқи миллӣ ба Конститутсияи Ҷумњурии Тољикистон тавассути раъйпурсииумумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Конститутсияи Ҷумњурии Тољикистон ҳаҷми наҷандон калон аст, аммо дар он мундариҷа ва моҳияти тамоми соҳаҳои зиндагӣ ва дурнамоии инкишофи давлату давлатдорӣ шакли идоракунӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, хулоса муҳимтарин самтҳо ва равияиҳои рушди ҷомеа ва давлат инъикос ёфтаанд. Конститутсия дар таърихи башарият ҷои махсусро ишғол намуда, дар инкишоф ва тараққиёти ҷомеа нақши муҳимро мебозад.

Конститутсияи Ҷумњурии Тољикистон дастоварди миллӣ ба ҳисоб рафта, дар он муқаддасоти миллӣ андешаҳои давлатдории миллӣ ва истифодаи асори таърихӣ дар мадди аввал қарор дорад. Қобили қайд аст, ки дар Конститутсия забони тоҷики ҳамчун забони давлатӣ, Парчам, Нишон, суруди миллӣ дахнопазирии ҳудуди давлати Тоҷикистон ва имкони истифодаи озодонии сарватҳои фарҳангиву маънавӣ ифодаи қонунии худро пайдо намудаанд. Мавриди зикр аст, ки Конститутсияи ҶТ кафолати воқеии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин намудааст.

Ҳамин тариқ Конститутсияи Ҷумњурии Тољикистон ба мақсади таъмини зиндагии шоиста қабул гардида, чӣ гуна дар ҳаёти воқеӣ амалӣ шудани меъёрҳои он ба ғайр аз фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ, бешин ба муносибати бошууронаи аҳли ҷомеа, ба азму иродаи мустаҳким,нияти неку хиради азалии мардум солору сарбаланди точик вобастагии қавӣ дорад.

Усмонов А. муовини декан оид ба тарбия

Баротова М. донишҷўи курси 2, факултети физикаю техника

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ