​Паймони миллӣ ва ҳадафҳои нопоки он

Имрўзҳо фаъолияти ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар кишварҳои ғарбӣ худро ҷабрдидаи сиёсӣ ва намояндагони қувваҳои демократӣ муаррифӣ намуда, бо фиребу найранг аз ин кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ садҳо ҳазор доллар кўмак мегиранд, ин ҳақиқат собит месозад, ки баъзе аз кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ низ огоҳона ё ноогоҳона терроризм ва экстремизмро маблағгузорӣ мекунанд. Мусаллам аст, ки ниқоби нави ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) дар оғози ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Варшава мухолифони давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҳамраъйӣ аз мавқеи сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷамъияти «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро дар ҳайати 15 нафар узви адолатпарвар созмон доданд, ки бо ин васила ҳизби наҳзати исломӣ, анҷумани озодандешон, ҷунбиши ислоҳоти иқтисодӣ ва рушд, инчунин анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна бо ғаразҳои манқуртона ва зиштонаи сиёсӣ ба орази ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳр задаву дар пасманзари он амалҳои сиёсатбозонаи худро разилона шурӯъ намуданд. Ва ба ин васила ҷамъи сарчашмаҳои нави маблағгузориҳои хориҷӣ пайдо намуданд. Таъсиси Паймони миллии мухолифини кишвар дар он аст, ки мардумро бо дасисаву ниятҳои нопоку хоинона, ғасбу аз худ намудани арзишҳои миллии як миллат фирефта, бо нигориши хостори Истиқлолияти таърихии худ ҳамчун ватандӯсти асили ин марзу бум баромад кунанд, дар назди хоҷагони хориҷии худ миллатдӯстию адолатпешагӣ, содиқ ба ин марзу бум буданро нишон диҳанд ва он гуна рафтор мекунанд, ки гӯё Паймони миллиро ба миллати тоҷик мекунанд. Ин Паймон ба хоҷагони хориҷист, ки бо маблаггузори онҳо дар хориҷи кишвар бе меҳнати даст зиндагӣ доранд. Ин паймон паймони

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари наҳзатиҳои ифротӣ худро дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ башардӯст, амалҳояш сиёсати сафову ормонидошта, паймонкор, ҳалкунандаи мушкилоти башар ва ҷомеаи мусалмон намудор мекунад. Аммо дар асл ӯ бо амалҳои дурӯягиву маккорӣ, ҳилагариву дасисакорӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ном баровардааст. Мақсад аз ташкил намудани «Паймон» ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ин аст, ки худро намояндаи насли нав ва сиёсатмадори прагматик муаррифӣ намуда, танҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи Ғарб ва пуштибонии хоҷагони хориҷии худ аз омилҳои асоси демократӣ дар минбарҳои бонуфуз сухан меронад. Дар асл пойбанди ҳамон мафкураи куҳнаи наҳзатӣ буда, сидқан аз гурӯҳҳои исломии ифротӣ, ки ислом баҳри онҳо манфиати шахсие беш нест, ҳимоят мекунад.

Лозим ба тазаккур аст, киМуҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар аз ҳисоби хоҷагонаш дар шароити беҳтарин умр ба сар мебараду бобати хизмат ба ислому шаҳодат дар роҳи ислом шиорпартоӣ мекунад. Аммо иштироккунандагони ҷаласаи «Паймони миллӣ» ва аъзоёну фаъолони он бехабаранд, ки роҳбари онҳо М. Кабирӣ на бо бо онҳо, балки бо хориҷиёни хиёнаткор паймон баста, барои халқу миллат дом омода месозад.

Таъсиси бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон» низ барои ин асолатбохтагон ҷалби бештари гумроҳонро дар пай дошта, мехоҳанд бобати амалӣ сохтани ақидаҳои манфуронаашон дар дохил ва хориҷи кишвар афроди муайянеро ба тарафи худ майл созанд. Вале ба ибораи дигар «бо дуои кӯрмуш борон намеборад». Ҳадаф фақат сӯзонидани хонаи тоҷику пур кардани ҷайбҳояшон аз маблағҳои ҳангуфт ва он ҳамчун шиори ҳамешагии ин асолатбохтагон боқӣ мемонад.

Бояд тазаккур дод, ки мардуми шарафманд ва бонангу номуси Тоҷикистон он амалҳоеро, ки ТЭТ ҲНИ дар солҳои навадуми асри гузашта бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ анҷом додед, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Ва он амалӣ нангине, ки дар ноҳияи Данғара ба вуқуъ пайваст, ки дар он маҳз ТЭТ ҲНИ даст дошт ва бо ин восита мехост Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллӣ аз лиҳози амну субот заиф нишон диҳед, фаромӯшношуданист. Тамоми сокинон ва бошандагони Тоҷикистон аз хурд то бузург якдилона аз ҳақиқат огаҳанд ва онро хуш қабул мекунанд.

Мардуми Тоҷикистон дар муҳити сулҳу субот дар ҳамдиливу ва ҳамдигарфаҳмӣ зисту зиндагонӣ доранд ва истиқлолияти худро азизу муътабар медонанд ва ҳаргиз фирефтаи “паймонҳо”-и сохтаву разилона нахоҳанд шуд.

Устодони кафедраи филологияи араби факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ