​Мусоҳиба зери унвони “Варқӣ овора нашавед: - Халқ қаҳрамони худро ёфтааст!!!”

Оид ба нафароне, ки хориҷ аз кишварамон буда, бо амалҳои нопоки худ мехоҳанд оромии ҷомеаро халалдор созанд, чӣ андеша доред?

Дар таърихи халқи тоҷик шахсиятҳое вомехўранд, ки дар ҷамъият бо кирдору амалҳои худ обрўву нуфуз пайдо мекунанду сазовори таҳсин ҳастанд. Лекин боз ҳам дар ҷамъият шахсоне вомехўранд, ки баръакси ин ҳол буда, бо амалҳои ғаразноки худ ба ҷамъият зарар расонида оромии мардумро халалдор месозанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки бархе аз шахсиятҳое, ки берун аз Тоҷикистон ҳастанд ва бо ибораҳои гуногун чӣ қадаре тавонанд ҳамон қадар бо гапҳои бардурўғу фитнаангези худ мардумро парешон мекунанд.

Яке аз чунин шахсиятҳо Темур Варқӣ мебошад, ки гӯё ҳамчун ҳамраиси «Анҷумани озодандешагони тоҷик»- директори департаменти иттилоот ва расонаҳо фаъолият мебарад, ки аз берун истода бароибоз ҳам дар байни мардум ҳасад андохтан ҳаракат мекунад.

Ба фикри шумо мақсади онҳо дар чист?

Онҳо аллакай худашон пай бурда истодаанд, ки халқ бедор шудааст. Пешвои худро интихоб карда бо роҳи сулҳу осоишта рафта бо кору фаъолияти худ машғул аст. Онҳо, ки ин пешравиҳоро дида наметавонанд, чӣ кор аз дасташон меояд, менависанду роҳҳои гуногуни барафрохтани низое, ки бадбинии мардумро нисбати ҳокимият ба амал меорад, ҷустуҷў доранд.

Дар яке аз давлатҳои Аврупо ҳамчун лӯлиёни дар ба дар зиста, нисбати Тоҷикистон фикру ақидаи беасоси худро интишор мекунанд, ки ин аз рўи мардигарӣ нест.

Шумо ба ин гуна афроди хиёнаткор чӣ гуфтан мехоҳед?

Ман ба онҳо муроҷиат карда мегӯям, ки бас аст теша ба решаи миллат задан. Бо ҳар гуна иғвоандозиҳо танҳо худатонро фиреб карда истодаеду бас.Шумо “гӯё” бо ин роҳи интихобкардаатон демократияро ҷустуҷӯ доред, ки ин хатои маҳз аст. Демократия ин пешравии мамлакат, сулҳу ободии Ватан, розигии мардум, рўзгори осудаву оромии халқ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки аз ин корҳоято даст кашед.

Дар хулосаи сухан назари шумо ба ояндаи Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Мо метавонем гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол мардуми сарбаланду бофарҳанг дорад ва бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад, ки ба яке аз мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил ёбад. Боварӣ дорем, ки ба ин шаҳрвандони қавииродаи Ватани азизамон мусоидат хоҳанд кард.

Мусоҳиба бо коршинос Карим Каримов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ