​Либосе бипӯш ки ба ту зеб ояд

Асри XXI асри босуръати илму техника, технологияи иттилоотӣ ва бархӯрди тамаддунҳо буда, давлатҳои абарқудрат сиёсати ҷаҳонишавиро пеш гирифтанд. Аз ин лиҳоз мо бояд дар ин давраи тезу тунд шудани муносибати байни абарқудратҳо барои ҷори намудани низоми нави ҷаҳондорӣ барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ-Ватан, истиқлолияти миллӣ, фарҳанг ва маданияти хеш кӯшиш намоем. Барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худро аз даст надодан бояд талошу ҷаҳд намоем.

Тоҷикон ва тоҷикистониён яке аз халқҳои қадимтарин буда, дорои фарҳанги бой мебошанд. Халқи мо дорои либоси миллӣ, фарҳанги миллии худро дорад, ки он дорои зебӣ тоҷикон аст. Либосҳои тоҷики ба монанди атлас, адрас, чакан тамаддунгарӣ фарҳангӣ занҳои тоҷик мебошад. Атласҳои машхур бо номҳои «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ», «Тӯҳфа», «Тӯёна», «Муҳаббат», «Дилором», «Тирукамон», «Хосиятхон» ва ғайра номгузорӣ шудаанд. Атласи тоҷик берун аз кишвар низ обрӯю шӯҳрат пайдо кардааст. Дар солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд «Иди атлас» ва озмуни «Атласи тоҷик» баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дӯхти либосҳо ба намоиш гузошта мешаванд. Аммо баъзе аз занҳо ва духтарони тоҷик бегонапарастӣ намуда, либосҳои ба фарҳангу миллати мо хос набударо ба бар мекунанд. Ба монанди сатр, ҳиҷоб, либосҳои сиёҳ ва ба худ нозебро ба бар мекунанд, ки ба либоспӯшии халқи мо бегона аст. Занҳо ва духтарони сатрпӯш худро бо ахлоқ, бо фарҳанг меҳисобанд ва мефахранд,мутассифона онҳо фикре ҳам, намекунанд, ки айни замон онҳо аз либоспӯшӣ модарону модаркалонон даст кашидаанд, ки ин нобахшиданист.

Ҳар маротибае, ки занҳо ва духтарони тоҷикро бо чунин сатр мебинам нафратам баланд мешавад. Занону духтарони мӯҳтарама, ки Шумо оё медонед, ки дар дигар мамлакатҳо ба сару либоси мо эътибор медиҳанд? Шумо бо ин рафтори худ иродаи суст доштан, бегонапарастӣ ва аз либоси тоҷикона ҳазар мекунед.

Суханҳоямро хулоса карда гуфтаниям, ки занҳо ва духтарони тоҷик фарҳанги тоҷикиро гум накунанд, зеро гузаштагони мо то ин дам фарҳанги либоспӯшии миллиро нигоҳ дошта омадаанд.

Устоди МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

дотсент Раҷабова С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ