​Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард…

27 сол муқаддам мардуми тоҷик маконеро мекофт, ки бурдаи ноне бошаду осуда. Худовандоҳи дили ин мардуми дилфигорро бишнид ва барои ин Ватану ин миллат сарвареро фиристод, ки дар сояи ин Сарвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нафаси осудаву нони беминнатро насиб шуданд. Ватан маконест, ки ҳар зарраи хокаш боарзиш буда, барои онҳое, ки номуси ватандорӣ ва ғурури миллӣ доранд, дар раъси муқаддасот меистад. Алалхусус, барои мардуми тоҷик, киин ганҷи беҳамто, ин хоки зарринро бо талоши ҷон ба даст овардаанд.

Мардуми тоҷик ҳамеша марзу буми хешро муқаддас дониста, баҳри ҳифозати он хидматгузорбуданду ҳастанд ва муҳаббат ба Ватанро аз имон медонанд. Ин миллати ботамаддун бо имзо намудани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷаҳониён собит сохт, ки фарзандони он омода ҳастанд барои ободии Ватан ва гул-гулшукуфоии он аз баҳри хостаҳои фардиву гурўҳӣ бигзаранд ва бо ҳамдигар дасти дўстиву бародарӣ диҳанд, то ин марзи муқаддас ободу садои ваҳдат танинандоз бошад.

Аммо чаро имрўз иддае намебинанд, ки мо аз куҷо ба куҷо расидаем. Харобазор ба гулистон мубаддал гашт, мардум тамъи озодиро чашиданд. Чаро гурўҳе ҳамаи ин дастоварду пешравиҳоро дида бар ивази шукргузорӣ, ба ҳарфҳои душманони миллат ва хоинони Ватан, ки ҳамеша аз пайи барбод додани ҳавои осудаи ин кишвар ҳастанд, гўш меандозанд?

Зоҳиран роҳҳои обод, хонаи гарм ва нони ҳалол барои баъзе аз хоиноне, ки зиндагиашонро бо тирагиву олудагӣ омезиш додаанду боз мехоҳанд, муфт бихўранду бипўшанд, ин осудагӣ мувофиқи нафси саркашашон нест. Нафароне, ки хиёнат бар ин марзу бум ва мулки биҳиштосо мекунанд, нахуст теша ба решаи худ мезананд ва ин кирдори ноҷавонмардонаи онҳо амалест нобахшиданӣ. Чунин хоиноне, ки ҳар лаҳза ба амнияти миллату халқ халал ворид мекунанд, ба ҳар роҳе, ки бошад, муҷозоташонро мебинанд, зеро онҳоеро, ки қадри намак намешиносанд намаки чашидаашон кўр хоҳад кард.

Бино ба иттилои шабаки Фейсбук шоми 13-уми январ шахсоне, ки худро аз «лидер»-они шаҳри Хоруғ меҳисобанд, ҷиҳати ноором намудани осудагии кишвар пеши роҳи мошини кормандони ВКД-ро гирифтанд ва пас аз баҳсҳои лафзӣ ба занозанӣ оғоз намуда, дар натиҷаи тирпаронӣ як сокини маҳаллӣ захм бардоштааст. Ин ҳодисаи номатлуб ва рафтори ноҷавонмардона, бешак, нафратиҳамаи сокинони кишварро нисбат ба ин гурўҳ ва хоинони миллат боз ҳам афзун намуд.

Мо, кормандон ва омўзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забонитоҷикӣ рафтори ноҷавонмардонаи гурӯҳе аз ҷавонони шаҳри Хоруғро маҳкум менамоем ва даъват бар он мекунем, ки андешаҳои харобкориро аз сари худ дур созанд, бозичаи дасти хоҷагони худ нашаванд, фирефта ва додаи нафси саркаш нашуда, ақли худро ба кор баранд ваба қадри ин сулҳу осудагӣ бирасанд. Баръакс мисли ҳазорон ҷавонони содиқи кишвар баҳри рушд ва сулҳу шукуфоии ин Ватан саҳмгузориро пеша намоянд.

Садорати факултети филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ