​Чаро мо аксар вақт як нимаи моҳтобро мебинем.

Ин хоси худӣ ӯст ё хоси табиат?

Мехоҳам иброз намоям, ки дар вақти мутолеаи навиштаҷоти имомхатиби вилояти Суғд Ҳоҷи Ҳусайн Мусозода як чи бароям хело ҷолиб вонамуд, ва ин дар ҳақиқат ташбеҳоти бениҳоят зарурӣ ва ҷолиби диққат буд, ки имомхатиби вилояти Суғд Ҳоҷи Ҳусайн Мусозода дурӯягонро ба БУҚАЛАМУН шабоҳат додаанд. Зеро Буқаламун хазандае мебошад, ки дар ҳақиқат ҳам ба муҳити атроф зуд мутобиқ шуда, дар як лаҳза ранги худро иваз мекнад. Ва имрӯз мо мушоҳида месозем, ки пештозони Ташкилоти Терористиву Экстремистӣ ҲНИ вақти дар рикоби охундҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон буданашон дар минбарҳо борҳо эълон карда иброз медоштанд, ки ҷашни соли нави мелодӣ, ин хоси масеҳиён буда, таҷлили он барои фарди мусалмон қатъиян манъ аст. Аммо имрӯз, ки фирори шудаву дар аврупо дар ҷустуҷӯи хоҷаи нав ҳастанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ифтихор ҷашни соли нави мелодиро ба тамоми мардум муборакбодӣ гуфта лоф аз дастовардҳои соли қабл мезананд, ки ин нафрати одами бо шуаро боло мебарад, зеро нафаре, ки мардумро наҳи аз шодбошии инфиродӣ ё оилавӣ аз ҷашни соли нави мелоди мекарду имрӯз худ бо ифтихор муборакбоди аз соли нави мелодӣ мекунад. Пас чигуна бо чунин афрод метавон итминон кард, ки дар як муддати кӯтоҳ тағйири ақида мекунанд. Ва бори дигар пешвои ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ чеҳраи аслии худро ба мардуми шарифи Тоҷикистон нишон дода ва кӣ будани худро ошкор намуд. Ростӣ ғарқи андеша шуда дар тааҷҷубам, ки оё ин табиати онҳост ё таъсири сармоягузоронашон, ки ин қадар зуд иваз шуда, бар хилофи ақидаи дурӯзаи худ ваъз мекунанд. Ва ин бениҳоят хавотир кунанда ҳаст чун мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин гуна фардҳое, ки истифода аз этиқодӣ динии мардум намуда, инро ба манфиати шахсии худ истифода намуда, мардумро қурбонӣ зархаридии худ месозанд. Аз ин лиҳоз ҳамагонро даъват ба амал меорам, ки фирефтаи бозиҳои шайтонии онҳо нагардем.

Муаллими кафедраи фарҳангшиносӣ Салимов Эраҷ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ