​ПМТ-тарғибгари ақидаҳои фундаменталистӣ

Имрӯз Паймони миллии Тоҷикистон бо масоили сохтаи марбут ба ҳиҷоб дар дили мардумони кишвар ҳисси бадбиниро нисбат ба ҳукумат бедор намуда, ҳар гуна овозаҳоро паҳн карда истодааст. Ҳадафи асосии онҳо ноором сохтани вазъияти дохилии кишвар буда, ин навбат мехоҳанд, аз номи дину оин ва имони мардум баромад намоянд. Аммо ин талошу заҳматҳои хоинон на ба манфиати халқ, балки ба манфиати хеш аст. Агар таҳлил намоем, маълум мегардад, ки тамоми эътирозҳои ташкилнамудаи онҳо барои озод намудани зиндониёни сиёсӣ – пайравони хеш, пиёда кардани мақсадҳои нопокашон нигаронида шудааст.

Паймони миллии Тоҷикистон мехоҳад бо нишон додани маҳдудкунии ҳиҷобпӯшӣ дар Тоҷикистон низоми демократиро сохта муаррифӣ намояд. Бо ибрози «ҳуқуқи занҳо, эътиқоди онҳо, озодии виҷдон бояд ҳимоя карда шавад», баръакс занҳоро барои ҳиҷобпӯшӣ маҷбур месозанд. Эрон давлати исломӣ, занҳояш сатрпӯшу технологияаш замонавӣ, корхонаи коркарди уран дораду кишвари тараққикарда аст, шаҳри Давҳаи Қатарро дар болои санг сохтаанд, вале занҳояш сад дар сад сатрпӯшанд гуфта, баръакс, занҳоро ба гирифтани ҳиҷоб маҷбур карданиянд. Мо хуб медонем, ки вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ҳам Эрон ва ҳам Қатар дар минтақае ҷойгир шудаанд, ки нафт доранд ва пешравии давлат аз даромади он аст, на аз ҳиҷобпӯшии занҳо. Занҳои тоҷик агар ҳиҷоб ба сар намоянд ҳам, даромади кишвари мо дар баробари он мамлакатҳо шуда наметавонад.

Бинобар ин, мо бояд ба хубӣ дарк намоем, ки барои ПМТ на ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахрвандон, балки маҳдудкунии он, тарғиби ақидаҳои фундаменталистӣ ва аз ҳама бештар ташкили вазъияти пурташаннуҷ, фазои ноороми сиёсӣ, бедор кардани ҳисси бадбинӣ нисбати роҳбарон барои расиданашон ба ҳокимият муҳим аст.

Изҳороти кафедраи

умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ