Тарбия: “Шоми ҷавонӣ” дар хобгоҳи №9
Санаи 19-уми декабр дар хобгоҳи донишҷӯёни писаронаи №9-и донишгоҳ ба муносибати “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва истиқболи “Соли нави мелодии 2019” чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ., муовинони ректор ва ҳайати устодон ширкат намуданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ маҳсули ҳунари дастии донишҷуён ба монанди гулкорӣ дар чӯб, сабадбофӣ, расмкашӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд.
Ректори донишгоҳ, профессор Ҷӯразода Ҷамшед ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷамъбасти чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар донишгоҳ ва фарорасии соли нави мелодии 2019 устодону донишҷӯёнро табрик намуд. Зимни суханронӣ аз дастоварҳои донишгоҳ дар соли 2018 ёдовар шуда, таъкид сохт, ки ҳамаи муваффақиятҳои раванди таълиму тарбия, илм ва инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ ва дигар самтҳои фаъолият маҳз аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Чунончӣ донишҷӯёни донишгоҳ тавонистанд соли 2018 - 12 нафар дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат варзанд. Дар Олимпиадаи мазкур Ҳошимбоев Фаррух - донишҷўи курси якумифакултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ аз рӯи ихтисоси информатикаба ҷойи аввал сазовор гардид. Аз фанни химия чор нафар донишҷӯён аз ихтисосҳои дигар бо гирифтани Ифтихорномаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф шуданд ва ғайраҳо.
Сипас, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ва кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба ба 13 нафар донишҷӯи ятиму камбизот, маъюб ва 4 нафар корманди фаъоли хобгоҳ тӯҳфаҳои хотиравӣ ва чиптаҳо барои иштирок дар барномаҳои солинавии Театри давлатии мазҳака ва мусиқииба номи Камоли Хуҷандӣ ва 10 нафар донишҷӯи фаъол бо сипосномаи ректори донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯписарон барномаи хуби хотирмон таҳия ва пешкаш гардонида шуд.
Боиси зикр аст, дар хобгоҳи №9 343 нафар донишҷӯ зисту зиндагонӣ менамоянд, ки барояшон тамоми шароитҳо аз қабили китобхона, толорҳои компутерӣ, варзишӣ ва дигар маҳфилҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ фароҳам оварда шудааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил