​Аз Модар – Ватан рӯй тофтан гуноҳ аст

Дар урфият мегӯянд, ки “одами беватан, булбули бечаман” аст. Ҳар як инсон он вақт хушбахт аст, ки соҳибватан бошад, зеро маҳз Ватан ба ҷисму руҳи вай саломатӣ ва оромиву сурурро эҳдо менамояд. Ба қадри обу хоки Ватан касе расида метавонад, ки солҳо дур аз он дар ғурбат зиста бошад, ранҷу азоби танҳоиро чашида бошад, муомилоти бегонагонро таҳаммул карда бошад, рӯзҳову шабҳоро дар хавотирӣ паси сар карда, дар кӯчаҳо андешамандона қадам зада бошад...

Беҳуда шоири сулҳпарвари тоҷик Мирзо Турсунзода нафармудааст:

Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,

Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан.

Аз давроне, ки ин шоири шаҳири тоҷик гирди ҷаҳонро сайр мекарду бо аҳволи зиндагии бошандагони он ошно мегардид, даҳсолаҳо сипарӣ гаштанд, сайёра ва мардуми он таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронид ва гузаронида истодааст, вазъи сиёсии ҷаҳон торафт муташанниҷ мешавад... Аз чист, ки баъзе афрод ватанбезоранду бегонадӯст...

Шукри истиқлолият,шукри Пешвои миллат, ки дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ барқарор асту мардуми кишвар дар амну осоиштагӣ умр ба сар мебаранд, дар партави дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми корҳои неку созанда талош меварзанд. Боиси таассуф аст, ки аз байни афроди фарҳангӣ низ баъзан сару садоҳое баланд мешаванд, ки боиси нигаронист. Онҳо бехабар аз он ки худ ҷурме содир кардаанд, мақомоти давлатиро ҳадафи танқид қарор дода, одамони бегуноҳро гунаҳгор месозанд, то манфиатҳои шахсии худро ҳимоя карда бошанд. Хайрулло Мирсаидовро аҳли илму фарҳанг хеле хуб мешиносанд, донишу заковати ӯ қобили эътироф аст, аммо аз чӣ сабаб аст, ки имрӯз аз Модар – Ватан безор асту намехоҳад ба он бозгардад. Танҳо барои гӯшмоли Модар, ки вай хатокорӣ кардааст? Оқил он аст, ки гуноҳашро ба гардан бигирад ва барои ислоҳи он бикӯшад!

Аъзои кафедраи адабиёти классикии тоҷикба ин эътирози Хайрулло Мирсаидов розӣ нестанд ва аз вай даъват ба амал меоранд, ки сари ҳукм баровардан саросема нагардад, ҷурмашро бар дӯш гирифта, илоҷи ислоҳи онро ҷустуҷӯ намояд. Бо тарки ватан ҷонашро наҷот надиҳад, назди халқу Ватан ҷавоб бидиҳад ва бахшиш пеш оварда, ҷодаи инсониро пеша намояд.Зеро дар сари ҷаҳл худдорӣ карда тавонистанкамоли мардист.

Кафедраи адабиёти классикии тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ