​Душманони халқи тоҷик ба ҳадафи хеш намерасанд...

Дар тазоҳуроте, ки дар санаи 10 декабр дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон баргузор гардид, як гурӯҳ фаъолони мухолифини тоҷик бо шиорҳову сару садоҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намуданд, ки фаъолони сиёсие, ки ба мӯҳлатҳои зиёд маҳкум шудаанд озод намоянд. Дар ин тазоҳурот яке аз фаъолони ҳаракати мухолифин Муҳаммадҷон Кабиров озод намудани зиндониёни сиёсӣ Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Маҳмадалӣ Ҳаитов ва дигаронро талаб намуда, аз Ҳукумати олмон хоҳиш намуд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрим эълон намоянд.

Ин ашхос бо ин амали номатлуб Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бадном намуда, мехоҳанд ба ҳадафҳои хеш, ки афзудани сафи наҳзатиён ва хиёнаткорони ватанфурӯш мебошад, дастёб гарданд. Аммо мардуми баору номуси тоҷик, ки имрӯз аз неъматҳои кишвари соҳибистиқлол бархӯрдоранд, намегузоранд, ки чунин ашхоси маккору фиребгар сулҳу суботро дар кишвар халалдор созанд. Мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки он зиндониён қавми хиёнаткор ва ватанфурӯш буда озодии онҳо аз зиндон боиси хавфи сулҳу осоиши зиндагии мардум мегардад. Мо тоҷикон, намегузорем ки ҳадафҳои нопоки онон амалӣ гардад ва кӯшиш менамоем, то тавон дорем бо онҳо мубориза барем..

Кормандони Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ