​Маданияти либоспӯшӣ

Барои амалӣ шудани меъёрҳои Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита дар ҷомеа амалӣ мегардад бояд маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон боло бардошта шавад. Ҳар як шаҳрванди ватани соҳибистиқлоли мо бояд дарк кунад, ки барои расидан ба қуллаҳои баланди давлатсозии миллӣ таъмини шароити арзанда ба ҳар як тоҷикистонӣ маърифатнокии баланд доштан лозим аст.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмоншаҳрвандонро дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки ватандорӣ ин ҳифз намудани маърифат ва фарҳаниги аз ниёгонамон ба мо мерос омада мебошад. Боиси ифтихор ва қаноатмандӣ мебошад, киин иқдомҳои неки Сарвари миллат миёни хурду бузурги кишварамон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуда мардуми маърифатпарвар ва ватандӯсти мо тамоми саъю талоши худро ба хотири амалисозии нақшаи чорабиниҳои дар ин самт қабул гардида равона кардаанд ва ҳоло Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ба арсаи бунёдкорӣ ва созанда табдил ёфтаистодааст.

Маданияти либоспӯшӣ арҷгузорӣ ба фарҳанги миллист, ки занҳо муаррифгари ассосии ин маданият мебошанд.Аз сабаби он, ки дар Тоҷикистон шумораи занони сатрпӯш зиёд шуда истодааст, ҳукумати кишвар дар ташфиш қарор гирифт. Бисёриҳо фикр карданд, ки қонун дар бораи либоспӯшӣ ба нашр баромада шудааст. Лекин моён зиёиён, ки қисми ташкилкунандаи ҷомеа мебошем ва либос ҳамчун нишонаи фарҳангӣ миллӣ моро ба дигарон мешиносонад ва духтарони мо ба филмҳои туркӣ тақлидкорӣ намуда сатрро ба бар менамоянд, мо бояд ҳамаҷониба нигоҳдорандаи маърифат ва маданияти либоспӯшии миллати худ бошем ва ба тақлидкориҳо роҳ надиҳем.

Изҳороти сармуаллимаи кафедраи технология ва методикаи аълими он Шамсиева А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ