Танзими пӯшидани либоси динӣ ин таҳаммулпазирӣ аст!
Танзими пӯшидани либоси динӣ ё манъ шудани вуруди занҳо ба идораю ташкилотҳо бо либоси динӣ ё "исломӣ" ин на таҳқири занону духтарон,балки таҳаммулпазирӣ мебошад ва дар кишварҳои демократитарин, монанди Фаронса низ чунин қонунҳо амал мекунад.
Як гуруҳ "равшанфикрони тоҷик" дар сомонаҳои интернетӣ, монанди "payom.net" ба тасмими бо қабули як қонун танзим ё манъ шудани вуруди занону духтаронро ба идораҳои давлатӣ эътироз овардаанд.
Аз ҷумла, коршинос бо ном Абдуманон Шералиев "Ин тарҳ на танҳо зидди конститутсионӣ, зидди динӣ ва зидди мардумӣ аст, балки таҳқири саросарии ҳадди ақал ними занони тоҷик ва дастдарозӣ ба номуси мардони кишвар мебошад. Номардумитар аз ин қонун то ҳол дар кишвар қабул нашудааст" мегӯяд.
Вале таҷрибаи ҷаҳониро нигоҳ кунем, қонунҳои танзимкунандаи либоси динӣ зиёд аст. Масалан, дар яке аз пешрафтатарин ва демократитарин кишвари ҷаҳон Фаронса, ки дар маркази Аврупо ҷойгир аст ва мусалмонони зиёд низ истиқомат мекунанд, қонуну қоидаҳои танзими либосҳои исломӣ амал мекунад.
Боз як нафар гӯё “ҳуқуқшинос” манъи вуруди занҳо ба идораю ташкилотҳо бо либоси диниро "мақомот бо эҳсосоти мардум, озодии эътиқод бозӣ мекунад" меномад.
Ба фикри мо “ҳуқуқшинос” иштибоҳ мекунад. Чун аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон тарғибу ташвиқи ин ё он дин манъ мебошад ва ин ба талаботи байналмилалии демократия низ мувофиқ меояд.
Танзим кардани либоспӯшӣ ё дигар анъанаҳои динӣ ин ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»низ мувофиқ мебошад.
Бинобар ин ҷоизи қайд аст, ки танзим кардани урфу одат ё либосҳои ин ё он дин бо қабули қонун ё дигар ҳуҷҷатҳои зерқонунӣ ҳолати табиї ҳатто дар давлати демократӣ мебошад. Одатан, чунин амалҳо бо ҳадафи нек, масалан, бо мақсади тарғиб накардани ин ё он дин қабул мешавад, ки ин ба озодии виҷдон мувофиқ аст.
Бердишукуров Абдунаим - мудири
кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ